Mark
Марқус
Марқус 1
Хизматгузории Яҳьёи Таьмиддиҳанда; шаҳодати ӯ дар бораи Исо
1 ИБТИДОИ Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,
2 Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: «Инак, Ман косиди Худро пешолеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайе кунад».
3 «Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайер кунед, тариқи Ӯро рост кунед».
4 Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзипщ гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.
5 Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Ӯрдун аз вай таъмид меёфтанд.
6 Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд.
7 Ва мавъиза карда, мегуфт: «Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, даволи пойафзоли Ӯро воз кунам,
8 «Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳад дод».
Таъмиди Исо
9 Дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Ӯрдун аз Яҳьё таъмид ёфт.
10 Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад.
11 Ва овозе аз осмон даррасид: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст».
Озмоиши Исо
12 Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд.
13 Ва Ӯ чиҳил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо даррандагон рӯз мегузаронд, ва фариштагон Ӯро парасторӣ мекарданд.
Исо ба мавъиза кардан шурӯъ менамояд
14 Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард,
15 Ки вакт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред».
Даъват кардани Петрус ва Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно
16 Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд.
17 Ва Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».
18 Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд.
19 Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тӯрҳои худро таъмир мекунанд,
20 Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд.
Исо дар Кафарнаҳум девҳоро берун мекунад
21 Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шакбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурӯъ намуд.
22 Ҳама аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.
23 Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт:
24 «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, киТукистӣ, эй Қуддуси Худо!»
25 Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!»
26 Рӯҳи палид вайро ба ларза андоҳта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд.
27 Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
28 Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.
Шифо ёфтани модарарӯси Шимъӯн
29 Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд.
30 Модарарӯси Шимъӯн дар ҳолати табларза хобида буд; ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.
31 Ва Ӯ наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.
Берун кардани девҳо ва шифо додани касони бисьёр
32 Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ӯ оварданд.
33 Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.
34 Ва Ӯ бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонкстанд.
Мавьизаи Исо дар Ҷалил
35 Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.
36 Шимъӯн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ӯ шитофтанд;
37 Чун Ӯро ефтанд, гуфтанд: «Ҳама Туро меҷӯянд».
38 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам».
39 Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.
Шифо ёфтани махавй
40 Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро лок кунӣ».
41 Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!»
42 Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест пхуду вай пок гардид.
43 Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд
44 Ва ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе чизе магӯ, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, такдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».
45 Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ӯ дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр, дар ҷойҳои хилват рӯз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд.
Марқус 2
Шифо ёфтани мафлуҷ
1 ПАС аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст.
2 Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт.
3 Ва назди Ӯ бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;
4 Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.
5 Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».
6 Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,
7 Ки « чаро Ӯ ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?»
8 Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?
9 «Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтани он ки "бархез, бистари худро бардор ва равона шав"?
10 «Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», - ба мафлуҷ гуфт:
11 «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
12 Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд: «Мисли инро ҳаргиз надидаем».
Даъват кардани Левӣ (Матто). Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хурок мехурад
13 Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод.
14 Ҳангоми рафтанаш Левй ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.
15 Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд.
16 Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?»
17 Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Маномадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
Мас ъалаи рӯзадорӣ
18 Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медопгтанд. Ва назди Ӯ омада гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?»
19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд;
20 «Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рӯза хоҳанд дошт.
Масалҳо дар бораи ҷома ва машк
21 «Ҳеҷ кас ба ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.
22 «Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад; шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст».
Исо - Оғои рӯзи шанбе
23 Ва чунин воқеъ шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хӯшачинй сар карданд.
24 Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Бубин, онҳо дар рӯзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?»
25 Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёчмандй чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд?
26 «Чӣ гуна вай дар айёми Абьётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?»
27 Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе;
28 «Бинобар ин Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».
Марқус 3
Исо дар рӯзи шанбе дасти хушкшударо шифо медиҳад
1 ВА боз ба куништ даромад; дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт.
2 Ва аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд вайро дар рӯзи шанбе шифо дихад, то ки Ӯро айбдор кунанд.
3 Пас ба марди дастхушк гуфт: «Дар миёнҷо биист».
4 Ва ба онҳо гуфт: «Дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст - некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» Лекин онҳо хомӯш монданд.
5 Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.
6 Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.
Фаьолияти Исо дар тамоми мамлакат вусъат меёбад
7 Лекин Исо бо шогирдонаш сӯи баҳр омад, ва мардуми бисьёре аз Ҷалил ва Яҳудо аз паи Ӯ равона шуданд,
8 Ва аз Ерусалим, Адӯм ва он тарафи Ӯрдун ва аз музофоти Сӯр ва Сидӯн издиҳоми бузурге, чун амалиёти Ӯро шуниданд, назди Ӯ омаданд.
9 Ва ба шогирдони худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом қаиқе барои Ӯ муҳайё бошад, то ки Ӯро фишор надиҳанд.
10 Зеро бисьёр касонро Ӯ шифо дода буд, бинобар ин ҳар киро захме буд, назди Ӯ мешитофт, то Ӯро ламс кунад.
11 Ва арвоҳи палид, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтоданд ва фарьёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ».
12 Лекин Ӯ онҳоро сахт таъкид мекард, ки Ӯро шӯҳрат надиҳанд.
Интихоб шудани дувоздаҳ нафар
13 Пас аз он бар фарози кӯҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд, онҳо назди Ӯ омаданд.
14 Ва дувоздаҳ нафарро таъин кард, ки ҳамроҳи Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои мавъиза фиристад,
15 Ва онҳоро қудрати он бошад, ки беморонро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд.
16 Ва таъин кард Шимъӯнро, ки Петрус ном ниҳод;
17 Ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Бӯнарҷис, яъне «писарони раъд» ном ниҳод;
18 Ва Андриёс ва Филиппус ва Барталмо ва Матто ва Тумо ва Яъкуб ибни Ҳалфой ва Таддо ва Шимъӯни Қанно
19 Ва Яхудои Исқарьютро, ки Ӯро таслим кард.
Хешовандони Исо барои ӯ хавотир доранд
20 Ва чун ба хонае даромаданд, боз мардум фароҳам омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хӯрдан ҳам надощтанд.
21 Ва хешони Ӯ, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст.
Китобдонон Исоро маломат мекунанд
22 Китобдононе ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ӯ Баал-Забул дорад ва ба воситаи калони девҳо девҳоро берун мекунад.
23 Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт: «Чӣ гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад?
24 «Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад;
25 «Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;
26 «Ва агар шайтон бар зидди худ ба қиём бархоста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки ҳалок мешавад.
27 «Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад, - ва пас аз он хонаи ваиро ғорат мекунад.
28 «Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳамаи гуноҳҳои фарзандони одам ва ҳар гуна куфр, ки гуфта бошанд, омурзида мешавад;
29 «Лекин ҳар кӣ ба Рӯҳулкудс куфр гӯяд, то абад омурзида нашавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум гардад».
30 Зеро ки гуфтанд: «Ӯ рӯхи палид дорад».
Хешовандии ҳацщӣ дар Исо
31 Модар ва бародарони Ӯ омада, дар берун истоданд ва ба Ӯ касеро фиристода, Ӯро талаб намуданд.
32 Дар гирди Ӯ мардум нишаста буданд. Ва ба Ӯ гуфтанд: «Инак модари Ту ва бародарони Ту дар берун истода, Туро металабанд».
33 Ва ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Кист модари Ман ва бародарони Ман?»
34 Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, назар афканда, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;
35 «Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».
Марқус 4
Масалҳо дар бораи Малакути Худо. Дар бораи коранда
1 ВА боз дар канори баҳр ба таълим додан шурӯъ намуд; ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.
2 Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:
3 «Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;
4 «Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро барчиданд;
5 «Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
6 «Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд;
7 «Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд, ва самаре надод;
8 «Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сй баробар, баъ^е шаст ва баъзе сад».
9 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
10 Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
11 Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,
12 «Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, бо гӯшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо ручӯъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омур^ида шавад».
Шарҳи масали коранда
13 Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид?
14 «Коранда каломро мекорад.
15 «Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.
16 «Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро бо шодӣ қабул мекунанд,
17 «Лекин дар худ реша надорагд ва ноустурованд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқкботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.
18 «Кошташудагон дар миёни хорҳо касоке мебошанд, ки чун каломро бишанаванд,
19 «Андешаҳои дуньёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
20 «Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, кабул мекунанд ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
Масал дар бораи шамъ
21 Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд?
22 «Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки ба зуҳур наояд.
23 «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
24 Ва ба онҳо гуфт: «Лайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд.
25 «Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад».
Сабзиши нонамоён
26 Ва гуфт: «Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад,
27 «Ва шабу рӯз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад;
28 «Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша;
29 «Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст».
Масал дар бораи доиаи хардал
30 Ва гуфт: «Малакути Худоро ба чй монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?
31 «Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст.
32 «Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд».
33 Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, каломро ба онҳо баён мекард;
34 Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маониро ба шогирдониХуд мефаҳмонд.
Исо тундбодро ором мекунад
35 Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Ба канори дигар бигзарем».
36 Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.
37 Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехӯрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд,
38 Ва Ӯ дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Ӯстод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?»
39 Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош». Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид.
40 Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?»
41 Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ӯ итоат мекунанд?»
Марқус 5
Шифо ёфтани девона дар Ҷадар
1 ПАС ба он канори баҳр ба сарзамини ҷадариён расиданд.
2 Чун аз қаиқ берун омад, дарҳол касе ки рӯҳи палид дошт, аз миени гӯрҳо баромада, бо Ӯ рӯ ба рӯ шуд,
3 Ки бошишгоҳи вай мағоки гӯр буд, ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бибандад;
4 Зеро ки борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд, ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад;
5 Ва ҳамеша, рӯзу шаб, дар кӯҳҳо ва дар миёни гӯрҳо фарьёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад.
6 Чун Исоро аз дур дид, давон-давон омада, ба Ӯ сачда кард.
7 Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳй!»
8 Зеро ки ба вай гуфта буд: «Эй рӯҳи палид, аз ин шахс берун шав».
9 Ва аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман легион аст, чунки мо бисьёрем».
10 Ва аз Ӯ бисьёр илтимос мекарданд, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.
11 Ва дар чарогоҳи он кӯҳҳо галаи бузурги хукҳо мечарид.
12 Ва ҳамаи девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем».
13 Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод, Ва арвоҳи палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба баҳр ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар баҳр ғарқ шуданд.
14 Ва хукбонҳо давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот бнро нақл карданд. Ва мардум барои дидани он моҷаро берун шитофтанд.
15 Ва назди Исо омада, он девонаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пӯшидааст ва ақлаш солим гаштааст; ва ҳаросон шуданд.
16 Касоне ки дида буданд, саргузашти девонаро, ва он чиро, ки ба хукон рӯй дод, ба онҳо нақл карданд.
17 Ва аз Ӯ илтимос карданд, ки аз худуди онҳо берун равад.
18 Ва чун ба қаиқ савор шуд, он ки девона буд, аз Ӯ иҷозат пурсид, ки бо Ӯ бошад.
19 Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт: «Ба хона назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст, ва чй гуна ба ту раҳм намудааст».
20 Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декалолис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар тааҷҷуб мемонданд.
Исо зани беморро шифо медиҳад ва духтари Ёирро зинда мекунад
21 Чун Исо боз бо қаиқ ба он сӯи баҳр гузашт,мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ва Ӯ дар канори баҳр буд.
22 Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт, ва чун Ӯро дид, пеши пояш афтод
23 Ва аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: «Духтари ман дар ҳолати назъ аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад».
24 Пас бо вай равона шуд, ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ рафта, Ӯро фишор медоданд.
25 Як зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравй буд,
26 Ва азоби бисьёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд, -
27 Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он гурӯҳ аз қафо омада, либоси Ӯро ламс намуд;
28 Зеро гуфт: «Агар лоақал либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбамк
29 Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз касалӣ шифо ёфтааст.
30 Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки куввае аз Ӯ берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кист, ки либоси Маро ламс кард?»
31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинй, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегӯӣ: "Кист, ки Маро ламс кард?"»
32 Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бубинад.
33 Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт.
34 Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош».
35 Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада гуфтанд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Ӯстодро заҳмат медиҳӣ?»
36 Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: «Натарс, фақат имон овару бас».
37 Ва, ҷуз Петрус, Яъкуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад.
38 Чун ба хонаи сардори куништ расид, азодоронро дар ҳолати изтироб дид, ки гирья ва навҳаи бисьёр мекарданд.
39 Ва даромадан замон ба онҳо гуфт: «Чаро дар изтироб афтодаед вагирья мекунед? Духтар намурдааст, балки хуфтааст».
40 Ва онҳо бар Ӯ хандиданд, лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо рафиқонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад.
41 Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талитоқуми», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез».
42 Дарҳол духтар бархоста, равон шуд, зеро ки дувоздаҳсола буд. Онҳо хеле дар ҳайрат монданд.
43 Ва Ӯ онҳоро сахт таъкид карда, фармуд, ки касе аз ин огоҳ нашавад, ва гуфт, то хӯроке ба вай диҳанд.
Марқус 6
Исо аз нав дар Носира
1 АЗ он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд.
2 Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисьёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст, ки чунин мӯъҷизот аз дасти Ӯ содир мегардад?
3 «Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъкуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд.
4 Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, чуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ».
5 Ва дар он ҷо ҳеҷ мӯъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод.
6 Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод.
Исо 12 шогирдонро мефиристад, то ки мав/ъиза намоянд ва шифо диҳанд
7 Пас он дувоздаҳро назди Ҳуд хонда, ба чуфтҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид кудрат дод.
8 Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на турбае, на ноне, на пуле дар камарбанд,
9 Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд.
10 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед,то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед.
11 «Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба сухани шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд».
12 Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард;
13 Бисьёр девҳоро берун карданд ва бисьёр беморонро равған молида шифо доданд.
Қатли Яҳьёи Таъмиддиҳанда
14 Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, - зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, - гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.
15 Баъзе мегуфтанд, ки ин Ильёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст ё чун яке аз пайғамбарон.
16 Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт. «Ин ҳамон Яҳьёст, ки ман сарашро аз тан чудо кардам; вай аз мурдагон эҳьё шудааст».
17 Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филигатус бародараш, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд.
18 Зеро Яҳьё' ба Ҳиродус гуфта буд: «3ани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест».
19 Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин наметавонист.
20 Зеро ки Ҳиродус аз Яҳьё метарсид, вайро марди одилу муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисьёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушй мешунид.
21 Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, -
22 Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам».
23 Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам».
24 Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки «чй талаб кунам?» Модараш чавоб дод: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро».
25 Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт: «Мехоҳам каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунй».
26 Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост.
27 Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад;
28 Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод.
29 Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд.
Баргаштани 12 ҳаввориён
30 Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд.
31 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед». Зеро омаду рафт чунон бисьёр буд, ки фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.
Сер шудани панч ҳазор мард
32 Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд.
33 Чун мардум онҳоро равона диданд, бисьёре онҳоро шинохтанд; аз ҳамаи шаҳрҳо гшёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд.
34 Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд; ва онҳоро бисьёр таълим додан гирифт.
35 Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд;
36 «Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю деҳоти ин музофот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки хеҷ хӯроке надоранд».
37 Ӯ дар ҷавобашон гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?»
38 Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред? Рафта бинед». Онхо дарьёфта, гуфтанд: «Панҷ нон ва ду моҳӣ».
39 Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро дастадаста бар сабза шинонанд.
40 Пас қаторқатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд.
41 Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифт ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард.
42 Ҳама хӯрданду сер шуданд;
43 Ва аз пораҳои нон ва моҳи дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
44 Хӯрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.
Исо бар баҳр цадам мезанад
45 Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад.
46 Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан бар фарози кӯҳе баромад.
47 Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд.
48 Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наэдики поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад.
49 Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар баҳр кадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарьёд заданд.
50 Зеро ки ҳама Ӯро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».
51 Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд.
52 Зеро ки мӯъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.
Исо назди баҳри Ҷинесор шифо медиҳад
53 Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Чинесор омаданд ва лангар андохтанд.
54 Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд.
55 Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд.
56 Ва ба ҳар чо, ки Ӯ ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.
Марқус 7
Аҳкоми Худо аз қоидаҳои инсонӣ болотпар астп
1 ФАРИСИЁН ва баъзе китобдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, назди Ӯ ҷамъ шуданд;
2 Ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои нопок, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд.
3 Зеро ки фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои муршидон пайравй намуда, то дастҳои худро бодиққат нашӯянд, хӯрок намехӯранд;
4 Ва чун аз бозорҳо оянд, то нашӯянд, чизе намехӯранд. Ва бисьёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд: монанди шустани пиёлаҳо, кӯзаҳо ва курсиҳо.
5 Пас фарисиён ва китобдонон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?»
6 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: "Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст;
7 «Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд".
8 «Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисьёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред».
9 Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед?
10 «Зеро Мусо гуфтааст: "Падару модари худро иззат намо"; ва: "Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад".
11 «Лекин шумо мегӯед: "Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, курбон, яъне ҳадия барои Ҳудост»", -
12 «Ва баъд аз ин намегузоред, ки вай ба падар ё модари худ ягон чиз кунад,
13 «Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисьёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред».
Одамро ба хузури Худо чй палид мекунад
14 Ва он ҷамоатро назди худ даъват намуда, гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва бифаҳмед.
15 «Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад.
16 «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
17 Ва чун аз назди ҷамоат ба хона даромад, шогирдонаш маънии ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ ч>'нин бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад?
19 «Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад, ва ба ин сурат ҳар хӯрок пок мегардад».
20 Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад;
21 «Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, катл,
22 «Дуздӣ, тамаъ, кина, макр, ҳирс, чашми бад, куфр, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад.
23 «Тамоми ин чизҳои бад аз дарун паидо шуда, одамро палид мекунад».
Исо ва зане ки аз Финикияи Сурия буд
24 Ва аз он ҷо равона шуда, ба худуди Сӯр ва Сидӯн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад.
25 Зеро зане ки духтараш рӯҳи палид дошт, хабари Ӯро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ӯ афтод;
26 Ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд, ва аз Ӯ илтимос намуд, ки девро аз духтараш берун кунад.
27 Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор аввал бачагон сер шаванд; зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».
28 Зан ҷавоб дода гуфт: «Оре, Худовандо; лекин сагон низ пасмондаҳои бачагонро зери суфра мехӯранд».
29 Ба вай гуфт: «Аз барои ин сухан бирав, ки дев аз духтарат берун шуд».
30 Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хуфта ёфт.
Касе ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, шифо ёфт
31 Боз аз ҳудуди Сӯр ва Сидӯн баромада, Ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи баҳри Ҷалил равона шуд.
32 Назди Ӯ якеро оварданд, ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад.
33 Вайро аз миёни ҷамоат ба хилват бурда, ангушти Худро дар гӯшҳои вай ниҳод ва туф карда, забонашро ламс кард;
34 Ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав».
35 Дарҳол гушҳояш кушода ва гиреҳи забонаш яла шуда, ба дурустй суҳан гуфт.
36 Ва ба онҳо таъин кард, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳар чанд ба онҳо манъ мекард, онҳо бештар овоза мекарданд.
37 Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд: «Ҳар корро нагз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад».
Марқус 8
Сер шудани 4 ҳазор нафар
1 ДАР он рӯзҳо, ки боз мардуми бисьёре ҷамъ омада буданд ва барои хӯрдан чизе надоштанд, Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт:
2 «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд;
3 «Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон ҷавоб диҳам, дар роҳ бемадор хоҳанд шуд, зеро ки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4 Шогирдонаш ба Ӯ ҷавоб доданд: «Аз куҷо касе метавонад дар ин биебон онҳоро аз нон сер кунад?»
5 Аз онҳопурсид: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6 Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинишинанд; ҳафт нонро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ва онҳо гузоштанд.
7 Ва чанд моҳии майда низ доштанд; онҳоро низ, баракат дода, фармуд, ки пеши ҷамоат гузоранд.
8 Онҳо хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд.
9 Хӯрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро ҷавоб дод.
Фарисиён аломапг пгалаб мекунанд
10 Дарҳол бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ҳудуди Далмонуто омад.
11 Фарисиён берун омада, бо Ӯ ба мунозира даромаданд ва Ӯро озмуда, аломати осмонӣ аз Ӯ талаб карданд.
12 Ӯ, аз дил оҳе кашида, гуфт: «Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аломате ба ин насл ато нахоҳад шуд».
13 Пас онҳоро гузошта, боз ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар гузащт.
Огоҳонидан аз хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус
14 Онҳо нон гирифтанро фаромӯш карданд ва бо худ дар қаиқ ҷуз як нон надоштанд.
15 Ӯ онҳоро огоҳ карда, гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед».
16 Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон надорем».
17 Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанӯз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст?
18 «Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед? Ва дар хотир надоред?
19 «Ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Дувоздаҳ».
20 «Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Гуфтанд: «Ҳафт».
21 Ба онҳо гуфт: «Пас чаро намефаҳмед?»
Шифо ёфтани кӯр дар наздикии Байт-Сайдо
22 Чун ба Байт-Сайдо омад, кӯреро назди Ӯ оварда, зорй намуданд, ки вайро ламс кунад.
23 Ӯ дасти кӯрро гирифта, вайро аэ қасаба берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои худро бар вай гузошт ва пурсид: «Оё чизе мебинӣ?»
24 Вай назар афканда, гуфт: Юдамонро хиромон чун дарахтон мебинам».
25 Он гоҳ дастҳояшро бори дигар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки назар афканад. Ван шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубй бидид.
26 Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Дохили қасаба нашав ва дар он ҷо ба касе нақл накун».
Этпирофи Петрус
27 Ва Исо бо шогирдонаш ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар аснои роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Мардум Маро кй мегӯянд?»
28 Онҳо ҷавоб доданд: «Мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбаронй».
29 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус ҷавоб дода, гуфт: «Ту Масеҳ ҳастй».
30 Пас ба онҳо таъин кард, ки дар бораи Ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд.
Исо бори аввал дар бораи уқубатҳои Худ эълон мекунад
31 Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз иамуда, гуфт, ки «Писари Одам бояд бисьср азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рӯз эхье шавад».
32 Чун ин суханонро ошкоро мегуфт, Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд.
Хизматгузории ҳақиқӣ
33 Лекин Ӯ баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳӣи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
34 Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт. «Ҳар кй хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд:
35 «Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад,
36 «Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?
37 «Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чй фидияе медиҳад?
38 «Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард».
Марқус 9
Дигаргун шудани Худованд
1 БА ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қудрат меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд ҷашид».
2 Ва баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:
3 Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед щуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунон сафед кунад.
4 Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугӯ мекарданд.
5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Ӯстод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».
6 Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки ҳаросон буданд.
7 Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ӯро бишнавед».
8 Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд.
9 Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд.
10 Ва онҳо ин суханро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад?
11 Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки .Ильёс бояд аввал биеяд?»
12 Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад;
13 «Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст».
Шифо ёфтани дсвона
14 Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьерро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд.
15 Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давондавон омада, ба Ӯ салом доданд.
16 Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?»
17 Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт: «Эй Ӯстод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳе гунг дорад:
18 «Хар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд».
19 Ӯ ба ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред».
20 Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба Ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.
21 Ва аз падари вай пурсид: «Кай боз ба ин ҳолаТ гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ».
22 «Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрй расон».
23 Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонй, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
24 Дарҳол падари кӯдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун».
25 Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, рӯҳи палидро мазаммат намуда, гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав».
26 Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.
27 Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод.
28 Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
29 Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рӯза».
Исо бори дуюм мамот ва эҳьеи Худро пешгӯӣ мекунад
30 Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе Ӯро бишиносад.
31 Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рӯз эҳье хоҳад шуд.
32 Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ бипурсанд.
Иззатталабии шогирдон
33 Ба Кафарнахум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?»
34 Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар.
35 Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кй мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад».
36 Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғӯш кашида, ба онҳо гуфт:
37 «Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман кабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар кй Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
Рашки сохтаи шогирдон
38 Он гоҳ Юҳанно гуфт: «Эй Ӯстод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард».
39 Исо гуфт: «Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мӯъҷиза бинмояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад.
40 «Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост.
41 «Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростй ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.
Огозсонидан аз васваса
42 «Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санти осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.
43 «Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
44 «Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
45 «Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дӯзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
46 «Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
47 «Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дарой, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ,
48 «Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
49 «Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар курбон бо намак намакин хоҳад шуд.
50 «Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».
Марқус 10
Қонуни Исо дар бораи талоц
1 АЗ он ҷо баромада, ба он суи Ӯрдун, ба худуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ӯ шитофтанд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод.
2 Фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданй шуда, пурсиданд: «Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?»
3 Ба ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?»
4 Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд».
5 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст;
6 «Лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид.
7 «Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад,
8 «Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд.
9 «Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд чудо кунад».
10 Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд.
11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад;
12 «Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад».
Исо кӯдаконро дуои хаӣр мекунад
13 Кӯдаконро назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд.
14 Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзореД) ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад.
15 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
16 Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард.
Исо ва ҷавони сарватдор
17 Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ пщтофта, зону бар замин зад ва иурсид: «Эй Ӯстоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонй шавам?»
18 Исо ба зай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона.
19 «Аҳкомро медонӣ: "Зино накун; қатл накун; дуздй накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун"».
20 Вай ба ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам».
21 Исо ба вай нигариста, дӯст дошт ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорй, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун».
22 Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.
Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон душвор аст
23 Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!»
24 Шогирдон аз суханони Ӯ дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст!
25 «Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».
26 Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?»
27 Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».
Мукофоти гиогирдон
28 Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
29 Исо ба ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду
30 «Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъкибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда хаёти ҷовидонй наёбад;
31 «Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин - аввалин».
Исо бори сеюм мамот ва эҳьёи Худро пешгӯӣ мекунад
32 Чун дар роҳи сӯи Ерусалии буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз акиби Ӯ мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд:
33 «Инак мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд;
34 «Ва Ӯро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».
Хоҳиши иззатталабонаи писарони Забдой
35 Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, ду писари Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «ЭЙ Ӯстод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ».
36 Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барон шумо бикунам?»
37 Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту биншинем».
38 Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чй мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?»
39 Онҳо ба ҷавоб гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, хоҳед нӯшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт;
40 «Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад».
41 Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъкуб ва Юҳанно норозӣ шуданд.
42 Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;
43 «Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад;
44 «Ва ҳар кй хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи ҳама шавад;
45 «Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».
Бартимаи кӯр бино шуд
46 Ба Ерихӯ омаданд. Вақте ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисьёр аз Ериҳӯ мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид.
47 Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарьёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун».
48 Бисьёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекар данд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун».
49 Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кӯрро хонда, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро мехонад».
50 Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад.
51 Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Мехоҳам бино шавам».
52 Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд.
Марқус 11
1 ЧӮН наздики Ерусалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинй, бар кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода,
2 Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред;
3 «Ва агар касе ба шумо гӯяд: "Чаро чунин мекунед?" ба ҷавобаш бигӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад».
4 Онҳо рафта, курраро ёфтанд, ки дар кӯча назди дарвозае бастагӣ буд; ва онро воз карданд.
5 Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?»
6 Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд.
7 Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд.
8 Бисьёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
9 Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд; «Ху шаъно! Муборак аст Он ки ба исми Хӯдованд меояд!
10 «Муборак аст малакути падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
11 Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевакт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт-Ҳинӣ рафт.
Дарахти анчири бемева
12 Рӯзи дигар, чун аз Байт-Ҳинй берун омаданд, гурусна монд;
13 Ва аз дур дарахти анчирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро ки мавсими анчир ҳанӯз нарасида буд.
14 Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
Пок кардани маъбад
15 Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард;
16 Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад.
17 Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халкҳо номида хоҳад шуд"? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
18 Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди он шуданд, ки чӣ тавр Ӯро ба ҳалокат расонанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд.
19 Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт.
20 Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст.
21 Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Ӯстод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардай, хушк шудааст».
Дуои имон
22 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:
23 «Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: "Бархоста, худро дар баҳр афкан", ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, - ҳар чӣ гуяд ба вай ато хоҳад шуд.
24 «Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, - ва ба шумо ато хоҳад шуд.
25 «Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гукоҳҳои шуморо биомурзад;
26 «Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад».
Масьалаи қудрати Нсо
27 Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада,
28 Гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?»
29 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
30 «Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед».
31 Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имон наовардед?"
32 «Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд"» - аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд.
33 Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд: «Намедонем». Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам».
Марқус 12
Масал дар бораи токдорони бадкор
1 ПАС бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт: «Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
2 «Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,
3 «Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.
4 «Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш карданд.
5 «Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро - баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.
6 «Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: "Аз писарам шарм хоҳанд дошт".
7 «Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад".
8 «Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.
9 «Пас соҳиби токзор чй хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.
10 «Магар ин Навиштаро нахондаед: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид:
11 "Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст"?»
12 Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.
Масъалаы хироҷ
13 Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз суханаш афтонанд.
14 Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунй, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?»
15 Аммо Ӯ риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам».
16 Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар».
17 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: <Юн чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо». Ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат монданд.
Дар бораи эҳьёи мурдагон
18 Ва саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
19 «Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст: "Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад".
20 «Хдфт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;
21 «Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюм низ ҳамчунин.
22 «Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.
23 «Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».
24 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?
25 «Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.
26 «Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: "Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб"?
27 «Ваи на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед».
Аҳкоми бузургтарин
28 Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?»
29 Исо ба вай ҷавоб дод: «Аввалини аҳком ин аст: "Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;
30 "Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамолш ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор"; аввалин аҳком ҳамин аст!
31 «Ва дуюмаш монанди он аст: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор"; хукми дигаре бузургтар аз инҳо нест».
32 Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Ӯстод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ӯ дигаре нест;
33 «Ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи курбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст».
34 Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Малакути Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.
Исо - ҳам писари Довуд ва ҳам Худованди Довуд
35 Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт: «Чӣ сон китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?
36 «Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рӯҳулқудс мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»".
37 «Инак худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисьёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.
Риёкории китобдонон
38 Ва Ӯ онҳоро таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,
39 «Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
40 «Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама сахттар маҳкум хоҳанд шуд».
Фулуси бевазан
41 Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чй сон мардум ба ганҷнна пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд.
42 Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.
43 Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;
44 «Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод».
Марқус 13
Дар бораи омадани Исо. Заволи маъбад
1 ЧӮН Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Бингар, чй навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!»
2 Исо ба ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинй? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд».
3 Ва чун Ӯ бар кӯҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳой аз Ӯ пурсиданд:
4 «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чй гуна аст?»
5 Он гоҳ Исо дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
6 «Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёрро гумроҳ кунанд.
7 «Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекинин ҳанӯз интиҳо нест.
8 «Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём ҳоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо руй ҳоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошӯбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост.
9 «Лекин шумо ҳудро эҳтиёт кунед; зеро нгуморо ба маҳкамаҳо ҳоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна ҳоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад.
10 «Ва Лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми ҳалқҳо мавъиза карда шавад.
11 «Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро бигӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст.
12 «Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; вафарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳэрд расонд.
13 «Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кй то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
Мусибати бузург
14 «Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, - ҳар кӣ хонад, дарк кунад, - он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
15 «Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;
16 «Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
17 «Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
18 «Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад.
19 «Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад нгуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд.
20 «Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст.
21 «Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: "Инак Масеҳ дар ин ҷост", ё "дар он ҷост", - бовар накунед.
22 «Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
23 «Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
Омадани Писари Одам
24 «Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии ҳудро надиҳад.
25 «Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд.
26 «Он гоҳ ГТисари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд.
27 «Ва он гоҳ Ӯ фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аэ канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.
Масал дар бораи дарахти анҷир
28 «Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
29 «Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
30 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад игуд.
31 «Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
32 «Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Ладар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар.
33 «Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
Дар интизори омадани Худованд бедор бошед
34 «Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.
35 «Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон;
36 «Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.
37 «Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: "Бедор бошед"».
Марқус 14
Суиқасд ба муқобили Исо
1 ТО иди фисҳ ва фатир ду рӯз монда буд; саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон бо ҳила Ӯро дастгир карда, ба қатл расонанд;
2 Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».
Марьями сокини Байт-Хинй бар Исо равғани атрафшон мерезад
3 Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ назди суфра нишаста буд, - зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт.
4 Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: «Чаро ин равғани атрафшон талаф шуд?
5 «Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба мискинон тақсим карда додан мумкин буд». Ва он занро сарзаниш карданд.
6 Лекин Исо гуфт: «Вайро ором гузоред; чаро вайро хиҷил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард.
7 «Зеро мискинон ҳар вакт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки бихоҳед, ба онҳо зҳсон карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.
8 «Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: Бадани Маро барои дафн пешакӣ тадҳин кард.
9 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».
Паймони таслимкунанда бо саркоҳинон
10 Ва Яҳудои Исқарьют, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши саркоҳинон рафт, то ки Ӯро ба онҳо таслим кунад.
11 Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай дар чустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад.
Фисҳи охирин
12 Дар рӯзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ курбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихӯрӣ, то рафта тайёр кунем?»
13 Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед,
14 «Ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гуед: Ӯстод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?"
15 «Ван ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёрй бинед».
16 Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд ва} чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва фисҳро омода карданд.
Фисҳ
17 Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад.
18 Ва ҳангоме ки нишаста таом мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён, ки бо Ман таом мехӯрад, Маро таслим хоҳад кард».
19 Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: «Оё он манам?» Ва дшаре: «Оё он манам?»
20 Лекин Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст дар табақ меандозад.
21 «Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим кардашавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».
Таоми шоми муқаддас
22 Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст».
23 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд.
24 Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.
25 «Ба ростй ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Худо маи тоза бинӯшам».
Имтиҳони имони шогирдон
26 Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона нгуданд.
27 Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод; зеро навишта шудааст: "Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд".
28 «Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».
29 Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам».
30 Исо ба ваи гуфт: «Ба ростй ба ту мегӯям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард».
31 Лекин вай бо ҷидду ҷахди зиёдтар мегуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро ҳаргиз инкор накунам». Дигарон низ ҳамчунон гуфтанд.
Исо дар Ҷатсамонӣ маҳзун мешавад ва дуо мегӯяд
32 Ба мавзее омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то Ман дуо гӯям».
33 Ва Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва дар изтироб афтод ва дилтанг шуд.
34 Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед».
Дуои якум
35 Ва, каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ бигзарад;
36 Ва гуфт: «Аббо, Падарам! Ҳама чиэ назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
37 Ва омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн! Ту хуфтаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ?
38 «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».
Дуои дуюм
39 Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт.
40 Ва баргашта, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд.
Дуои сеюм
41 Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Вассалом, соат расидааст; инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
42 «Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
Таслим кардани Яҳудо ва ҳабс шудани Исо
43 Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьере аз чониби саркоҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд.
44 Таслимкукакдаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунеду бо эҳтиет баред».
45 Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: «Эй Ӯстод! Эй Ӯстод!» Ва Ӯро бӯсид.
46 Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд.
Исоро ҳама тарк карданд
47 Аммо яке аз ҳозирон шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин заду як гӯши вайро бурида партофт.
48 Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт:«Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед;
49 «Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед; лекин бигзор Навиштаҳо ба амал ояд».
50 Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд.
51 Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро ба чодире печонда, аз ақиби Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд.
52 Лекин вай чодирро партофта, тани барахна аз дасти онҳо гурехт.
Исо ба ҳузури пирон
53 Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва тамоми саркоҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд.
54 Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуда, бо хизматгорон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард.
55 Саркоҳинон ва тамоми шӯрои гщрон дар ҷустуҷӯи шаҳодате бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд, лекин наёфтанд.
56 Зеро бисьёр касон бар зидци Ӯ шаҳодати бардурӯғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдигар мувофиқ набуд.
57 Ва баъзе касон бархоста, бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ дода, гуфтанд:
58 «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: "Ман ин маъбади бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад"».
59 Лекин чунин шаҳодати онҳо низ мувофиқ набуд.
60 Пас саркоҳин бархост ва дар миёна истода, аз Исо лурсид: «Чаро Ту ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
61 Аммо Ӯ ҳомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Худои Мутабаррак ҳасти?»
62 Исо гуфт: «Ман ҳастам; ва шумо Писари Одамро ҳоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
63 Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем?
64 «Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд.
65 Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд, ки: «Нубувват кун». Ва хизматгорон Ӯро торсакй мезаданд.
Петрус Худованди худро инкор мекунад
66 Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад
67 Ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ту низ бо Исои Носирӣ будй».
68 Лекин вай инкор карда, гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад.
69 Каниз бори дигар вайро дида, ба ҳозирон гуфт: «Ин яке аз онҳост».
70 Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебошй; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст».
71 Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: <Юн Одамро, ки мегӯед, намешиносам».
72 Ҳамон дам хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва оғоз ба гиристан намуд.
Марқус 15
Исо ба хузури Пилотус
1 БОМДОДОН фавран саркоҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯрои пирон машварат карданд ва Исоро баста бурданду ба Пилотус таслим карданд.
2 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастй?» Ӯ ҷавоб дода гуфт: «Ту мегӯӣ».
3 Ва саркоҳинон Ӯро бисьёр айбдор мекарданд.
4 Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бингар, ки чӣ қадар Туро айбдор мекунанд».
5 Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.
Исо не, балки Бараббос
6 Дар ҳар ид вай як бандиро, ки меҳостанд, барои онҳо озод мекард.
7 Бараббос ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти исьён одам кушта буданд.
8 Ва мардум фарьёд зада, илтимос карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад.
9 Вай ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи Яҳудиенро барои шумо озод кунам?»
10 Зеро медонист, ки саркоҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.
11 Лекин саркоҳинон мардумро барангеҳта буданд, ки Бараббосро барои онҳо озод кунад, беҳтар аст.
12 Пилотус боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Пас чй мехоҳед бикунам бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи Яҳудиён меномед?»
13 Онҳо боз фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»
14 Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»
15 Пас Пилотус, мардумро хушнӯд карданй шуда, Бараббосро барои онҳо озод кард ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.
Тамасхур ва тпахқир кардани Исо
16 Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлй, яъне ба сарбозҳона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд;
17 Ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд;
18 Ва оғоз ба салом намуданд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»
19 Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ӯ туф карданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим карданд.
20 Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси худашро пушонданд ва Ӯро берун бурданд, то маслубаш кунанд.
21 Ва роҳгузареро аз Қурин, ки Шимъӯн ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.
22 Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт.
23 Ва шароби бо мур омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид.
Маслуб кардани Исо ва мамогпи Ӯ
24 Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе бигирад.
25 Ва соати сеюм буд, ки Ӯро маслуб карданд.
26 Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд: «Подшохи Яхудиёнь.
27 Бо Ӯ ду роҳзанро, яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.
28 Пас ба амал омад он Навиштае ки мегӯяд: «Аз ҷинояткорон шумурда шуд».
29 Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар чунбонда, мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунй!
30 «Худатро наҷот дода, аз салиб фурӯд ой».
31 Ҳамчунин саркоҳинон ва китобдонон Ӯро истеҳзо карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад!
32 «Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фурӯд ояд, то бубинем ва имон оварем». Ва онҳое ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.
33 Чун соати шашум расид, тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гурифт.
34 Ва дар соаги нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардай?»
35 Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Илъёсро меҳонад».
36 Пас шахсе шитоб карда, исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, ба Ӯ нӯшониданӣ шуд ва гуфт: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то Ӯро фурӯд оварад?»
37 Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.
38 Ва пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд.
39 Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯмеистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд».
40 Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он чумла Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъкуби кӯчак ва Йӯсе буд, ва Салӯмит,
41 Ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз акиби Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисьёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омада буданд.
Дафни Исо
42 Ва чун шом шуд, зеро ки рӯзи ҷумъа, яъне бегоҳи шанбе буд,
43 Юсуф ном шахсе аз Ҳаромот, узви намоени шӯро, ки худаш низ интизори Малакути Худо буд, омад ва ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард;
44 Пилотус дар ҳайрат афтод, ки Ӯ зуд фавтидааст; ва юзбоширо талабида, аз вай пурсид, ки оё фавтид?
45 Ва чун аз юзбошӣ фаҳмид, Ҷасадро ба Юсуф дод.
46 Вай катоне харида ва Ҷасадро аз салиб фуроварда, ба он катон печонд ва ба қабре ки дар дохили санг тарошида буд, ниҳод; ва сангеро бар дари қабр гелонд.
47 Ва Марьями Маҷдалия ва Марьями модари Йӯсе диданд, ки куҷо гузошта шуд.
Марқус 16
Эҳьёи Исо ва воқеаҳои ин рӯз
1 БАЪД аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит ҳанут хариданд, то рафта Ӯро тадҳин кунанд.
2 Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб тулуъ кард, онҳо ба сари қабр омаданд,
3 Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?»
4 Чун нитаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд.
5 Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.
6 Вай ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро ниҳода буданд.
7 «Лекин рафта, ба шогирдоии Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо ҳоҳед дид».
8 Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.
Фармоиш дар бораи вазифа
9 Саҳарии рӯзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.
10 Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирьену нолон буданд, ҳабар дод;
11 Лекин онҳо, чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, - бовар накарданд.
12 Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба Деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.
13 Ва онҳо баргашта, ба дигарон ҳабар доданд; Лекин ба онҳо низ бовар накарданд.
14 Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонй ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳьёшуда дида буданд? бовар накардаанд.
15 Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед.
16 «Ҳар кй имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.
17 «Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон ҳоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд;
18 «Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихӯранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ебанд».
Сууди Исо
19 Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо суҳан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.
20 Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.
|