LukeЛуқоЛуқо 11 АЗБАСКИ бисьёр касон ба тартиб додани нақли воқеаҳое шурӯъ кардаанд, ки рӯй доданошон дар миёни мо пурра маълум аст, 2 Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд, - 3 Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мӯҳтарам, бинависам, 4 То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаӣ, бидонӣ. Пешгӯии таваллуди Яҳьёи Таъмиддиҳанда 5 Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарье ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элисобаъ ном дошт. 6 Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд. 7 Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисобаъ нозой буд, ва ҳар ду ба гщронсолагй расида буданд. 8 Боре, вақте ки ӯ бо навбати худ пеши Худо каҳонат мекард, 9 Мувофиқи таомули каҳонат, куръа ба номи ӯ баромад, ки ба маъбади Худованд даромада, бухур кунад; 10 Ва дар вақги буҳур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфтанд. 11 Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ зоҳир гардида, дар тарафи рости қурбонгоҳи бухур истод. 12 Закарьё аз ин рӯъё музтариб шуда, ба ҳарос афтод. 13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эӣ Закарьё, натарс, зеро ки дуои ту мустаҷоб шудааст, ва зани ту Элисобаъ ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Яҳьё хоҳӣ номид. 14 «Ва туро шодмонӣ ва хурсандй насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ хоҳанд кард; 15 «Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯҳулқудс пур хоҳад буд, 16 «Ва бисьёр касонро аз банӣИсроил ба Худованд Худои онҳо руҷӯъ хоҳад кунонд. 17 «Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва қувваи Ильёс қадам хоҳад зад, го ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад». 18 Закарьё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чй бидонам? Зеро ки ман гщр ҳастам, зани ман низ ба пиронсолагй расидааст». 19 Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба ҳузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам. 20 «Ва инак, забонат лол нгуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту имконияти гап задан нахоҳӣ дошт, аз барои он ки басуханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ». 21 Дар ин миён ҷамоат мунтазири Закарье буданд ва тааҷҷуб менамуданд, ки ӯ дар маъбад даранг мекунад. 22 Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гал заданатавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар маъбад рӯъее дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд. 23 Вақте ки рӯзҳои ҳизматаш ба анҷом расқгь ба хонаи худ рафт. 24 Ва баъд аз он рӯзҳо зани ӯ, Элисобаъ, ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт: 25 «Дар ин рӯзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад». Хушхабар 26 Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониди Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд 27 Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз ҳонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд. 28 Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастй». 29 Аммо ваи ӯро дида, аз суханонаш музтариб шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чй саломе бошад. 30 Ва фаришта ба вай гуфт: «Эй Марьям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ; 31 «Ва инак, ҳомила шуда, Писаре ҳоҳӣ зоид, ва Ӯро Исо ҳоҳӣ номид; 32 «Ва Ӯ бузург ҳоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида ҳоҳад шуд; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод; 33 «Ва ӯ бар ҳонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ӯ интихо нахоҳад дошт». 34 Марьям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?» 35 Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулкудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд; 36 «Инак, ҳеши ту, Элисобаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии ҳуд писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст; 37 «Зеро ки назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад». 38 Маръям гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бшпавад». Ва фаришта аз пеши вай рафт. Марьям иаяди Элисобаъ меравад 39 Дар он рӯзҳо Марьям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кӯҳистони Яҳудо воқеъ аст, 40 Ва ба ҳонаи Закарьё даромада, ба Элисобаъ салом гуфт. 41 Ва чун Элисобаъ саломи Марьямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элисобаъ аз Рӯҳулқудс пур шуд, 42 Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самараи шиками ту! 43 «Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст? 44 «Зеро ки чун садои саломи ту ба гӯшам расид, бача аз шодй дар шикамам ба чунбиш омад; 45 «Ва хушо вай, ки имон овардааст, ки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал хоҳад омад». Тароиаи Марьям 46 Ва Марьям гуфт: «Чони ман Худовандро ситоиш мекунад, 47 «Ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад, 48 «Ки Ӯ бар фурӯтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро ҳушбахт хоҳанд хонд; 49 «Зеро ки он Қодир чизи бузурге барои ман ба амал овард, ва исми Ӯ муқаддас аст, 50 «Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, ки аз Ӯ метарсанд; 51 «Қуввати бозуи Худро зоҳир сохт; онҳоеро, ки аз андешаҳои дилашон мағрур буданд, пароканда кард; 52 «Зӯроваронро аз тахтҳо вожгун сохт ва фурӯтанонро сарафроз гардонд; 53 «Гуруснагонро аз неъматҳо лур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод; 54 «Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ кард, ба хотираи марҳамати Худ, - 55 «Чунон ки ба падарони мо гуфта буд, - ба Иброҳим ва насли ӯ то абад». 56 Ва Марьям қариб се моҳнаэди ӯ монд ва баъд бахонаи худ баргашт. Таваллуди Яҳьёи Таъмиддиҳанда 57 Чун вақти зоидани Элнсобаъ расид, ӯ писаре зоид. 58 Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд. 59 Ва дар рӯзи ҳащтум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро, аз рӯи номи падараш, Закарьё ном монанд. 60 Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: «Не, балки ӯ Яҳьё номида хоҳад шуд». 61 Ба вай гуфтанд: «Дар авлоди ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад». 62 Ва бо имову ишорат аз падараш пурсиданд, ки ӯро чӣ ном ниҳодан мехоҳад. 63 Ӯ тахтачае талабида, бар он навишт: «Нолш ӯ Яҳьёст». Ва ҳама мутааҷҷиб шуданд. 64 Дарҳол даҳон ва забони ӯ кушода шуд, ва ӯ ба сухан даромада, Худоро ҳамду сано хонд. 65 Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ватамоми ин воқеаро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудо нақл мекарданд. 66 Ва ҳар кӣ мешунавид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: «Ин кӯдак кӣ хоҳад шуд?» Ва дасти Худованд бо ӯ буд. Таронаи Закарьё 67 Падари ӯ, Закарье, аз Рӯҳулқудс пур шуд ва нубувват намуда, гуфт: 68 «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосй ато фармудааст, 69 «Ва барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи наҷот барпо кардааст, 70 «Чунон ки аз қадим бо забони анбиёи муқаддаси Худ гуфтааст, 71 «Ки моро аз душманони мо ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд, наҷот хоҳад дод; 72 «Ба падарони мо марҳамат намуда, аҳди муқаддаси Худро, 73 «Қасамеро, ки Ӯба падари мо Иброҳим ёд карда буд, ба хотир хоҳад овард, 74 «Ва ба мо имконият хоҳад дод, ки аз дасти душманони худ халос шуда, бе тарсу бим 75 «Ба Ӯ бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ӯ бошем. 76 «Ва ту, эй кӯдак, набии Ҳаққи Таоло хонда хоҳӣ шуд, зеро ки пешопеши Худованд қадам хоҳй зад, то ки роҳҳои Ӯро муҳайё кунӣ. 77 «Ва ба қавми Ӯ бифаҳмонӣ, ки наҷот дар омурзиши гуноҳхои онҳост, 78 «Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо онморо Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд, 79 «То ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад». 80 Ва кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт, ва то рӯзе ки бар Исроил зохир гардид, дар биёбонҳо буд.
Таваллуди Исо. Исми Ӯ 1 ДАР он айём аз ҷониби қайсар Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин саршуморй гузаронанд. 2 Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд. 3 Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд. 4 Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо , ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва авлоди Довуд буд, 5 То худро бо Марьям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, нависонад. 6 Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид; 7 Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд. Парастпиши чӯпонон 8 Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонй мекарданд. 9 Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон пгуданд. 10 Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм ҳоҳад буд: 11 «Имруз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст; 12 «Ва ин аст аломат барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт». 13 Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: 14 «Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагй бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод». 15 Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем». 16 Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд. 17 Ва чун диданд, он суханеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кӯдак гуфта шуда буд, нақл карданд. 18 Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд. 19 Ва Марьям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт. 20 Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано меҳонаданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд. Қурбонй дар маъбад барои модар ва Кӯдак
Хатнаи Исо 21 Вақге ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд. 22 Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Ерусалим оварданд, то киба Худованд пешниҳод кунанд, 23 Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: "Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад"; 24 Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар курбонӣ кунанд. Парастиш ва нубуввати Шимъун 25 Ва инак, дар Ерусалим Шимъӯн ном марде буд, ки марди одил ва парҳезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд. 26 Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид. 27 Ва ӯ ба ҳидояти Рӯҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд, 28 Ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт: 29 «Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро, мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ; 30 «Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид, 31 «Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтй: 32 «Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд, ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад». 33 Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд. 34 Ва Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст, - 35 «Дар ҷони Ту низ шамшере фурӯ хоҳад рафт, - то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад». Парастиши Ҳано 36 Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагй карда буд, 37 Ва то ҳаштоду чорсолагй бева буд. Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард. 38 Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Ҳудовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд. Баргагитом ба Носира. Солҳои сокит 39 Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофики шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд. 40 Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавй мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд. Исои дувоздаҳсола дар маъбад 41 Ҳар сол падару модари ӯ барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд. 42 Инчунин вақте ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи таомули ид ба Ерусалим омаданд, 43 Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ӯ пайхас нарафтанд, 44 Ба гумони он ки Ӯ бо аҳли қофила меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба чустуҷӯи Ӯ шурӯъ карданд; 45 Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтаниӮ баЕрусалим баргаштанд. 46 Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод; 47 Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд. 48 Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустучӯ кардем». 49 Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро чустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?» 50 Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд. 51 Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт. 52 Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.
Хизматгузории Яҳьёи Таъмиддиҳаида 1 ДАР соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Тибариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудо фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил,вабародараш Филиппус тетрархи Итурил ва вилояти Тархонитус, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд, 2 Дар айёми саркоҳинон Ҳонон ва Каёфо, каломи Худо ба Яҳьё ибни Закарьё расид. 3 Ва ӯ тамоми кишвари атрофи Ӯрдунро тай карда, таъмиди тавбаро барои омурзиши гуноҳҳо мавъиза менамуд, 4 Чунон ки дар китоби нутқҳои Ишаъёи набй навишта шудааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед; 5 «Ҳар водй баланд, ва ҳар кӯҳ ва теппа паст, ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор хоҳад шуд; 6 «Ва ҳар башар наҷоти Худоро хоҳад дид». 7 Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ӯ таъмид ёбанд, мегуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед? 8 «Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки "падари мо Иброҳим аст!"; зероба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вучуд оварад; 9 «Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд». 10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, чй кунем?» 11 Дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, бидиҳад; ва касе ки хӯрок дорад, низ чунин амал кунад». 12 Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ӯ гуфтанд: «Эй устод, чӣ кунем?» 13 Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он чи барои шумо муқаррар шудааст, талаб накунед». 14 Сарбозон низ аз ӯ пурсида, гуфтанд: «Пас мо чӣ кунем?» Ба онҳо гуфт: «Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тӯҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед». 15 Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳьё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не, - 16 Яҳьё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, лекин Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам, Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод; 17 «Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда хоҳад сӯзонд». 18 Боз бисьёр чизҳои дигарро ба мардум башорат дода, онҳоро насиҳат мекард. Ҳабс шудани Таъмиддиханда 19 Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш, ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба мазаммати ӯ дучор шуда, 20 Инро низ бар ҳамаи онҳо илова намуд, ки Яҳьёро дар зиндон андохт. Таъмиди Исо 21 Ҳангоме ки тамоми мардум таъмид меёфтанд, ва Исо низ таъмид ёфта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд, 22 Ва Рӯҳулкудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯнозил шуд, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастй; ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст!» Насабномаи Марьям, модари Исо 23 Ва Исо, вақте ки ба хизмати Худ шурӯъ намуд,тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ, 24 Ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибни Яннай, ибни Юсуф, 25 Ибни Матитьё, ибни Омӯс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ, ибни Наҷҷой, 26 Ибни Маҳат, ибни Матитьё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибнл Йӯдо, 27 Ибни Йӯҳонон, ибни Ресо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерй, 28 Ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Қӯсом, ибни Элмадом, ибни Эр, 29 Ибни Йӯсе, ибни Элиэзер, ибни Йӯрим, ибни Маттот, ибни Левй, 30 Ибни Шимъӯн, ибни Яҳудо, ибни Юсуф, ибни Йӯном, ибни Эльёқим, 31 Ибни Мальё, ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд, 32 Ибни Йисой, ибни Ӯбид, ибни Бӯаз, ибни Салмӯн, ибни Наҳшӯн, 33 Ибни Аминодоб, ибни Ром,ибниҲесрӯн, ибни Форас, ибни Яҳудо, 34 Ибни Яъкуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳӯр, 35 Ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Фолаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ, 36 Ибни Қенон, ибни Арфакшад, ибни Сом, ибни Нӯҳ, ибни Ломак, 37 Ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанӯх, ибни Ёрад, ибни Маҳалалъил, ибни Қенон, 38 Ибни Анӯш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд. 1 ВА Исои пур аз Рӯҳулқудс аз Ӯрдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд, 2 Ва чиҳил рӯз Ӯро иблис меозмуд, ва дар он рӯзҳо Ӯ чизе нахӯрд; ва баъд аз тамом шудани онҳо гурусна монд. 3 Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошй, ба ин санг бигӯй, ки нон шавад». 4 Исо ба вай ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо». 5 Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод, 6 Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам; 7 «Пас, агар Ту ба ман саҷда кунй, ҳамааш аз они Ту мешавад». 8 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки: "Ба Худованд Худои худ сачда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо"». 9 Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбадгузошт, ва ба Ӯгуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз; 10 «3еро ки навишта шудааст: "Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорй кунанд; 11 «Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанй"». 12 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст, ки: "Худованд Худои худро наозмой"». 13 Ва иблис тамоми озмоишро ба итмом расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд. Хизматгузории Исо дар Ҷалил 14 Ва Исо бо қуввати рӯҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ӯ дар тамоми кишвар паҳн шуд. 15 Ва Ӯ дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ӯро ситоиш мекарданд. Исо дар куништи Иосира 16 Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбият ёфта буд, омад ва, аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост. 17 Ба Ӯ китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд: 18 "Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам. 19 "Ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям". 20 Ва китобро пӯшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ӯ дӯхта шуда буд. 21 Ва Ӯ ба сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт: «Имрӯз ин навищта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст». 22 Ва ҳама ба Ӯ шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ гшсари Юсуф нест?» 23 Ба онҳо гуфт: «Албатта, щумо ба Ман ин мақолро хоҳед гуфт: "Эйтабиб! Худатро шифобидеҳ; ҳарончишунидаем, ки дар Кафарнаҳум воқеъ шудааст, ин ҷо низ, дар ватани Худ бикун"». 24 Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар зодгоҳи худ мақбул нест. 25 «Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисьёр бевазанон дар Исроил дар айёми Ильёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста щуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин қаҳтии сахте рӯй дод, 26 «Вале Ильёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки фақат назди бевазане ба Сорфатои Сидӯн; 27 «Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнй». 28 Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд, 29 Ва бархоста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд; 30 Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт. Исо дар Кафарнаҳум 31 Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод. 32 Ва онҳо аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки каломи Ӯ боқудрат буд. 33 Дар куништ касе буд, ки рӯҳи деви палид дошт, ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: 34 «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Куддуси Худо!» 35 Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» Ва дев ӯро дар миёна афтонда, аз ӯ берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонд. 36 Хдма ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо қудрат ва қувват ба арвоҳи палқц амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?» 37 Ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд. Исо модараруси Петрус ва Оисьёр касони дигарро ишфо медиҳад 38 Ӯ аз куништ баромада, ба хонаи Шимъӯн омад; модарарӯси Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд; ва дар хусуси вай аз Ӯ илтимос карданд. 39 Ва Ӯ наздики вай омада, табларзаро манъ кард; ва он нест шуд. Вай дарҳол бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт. 40 Дар вақти фурӯ рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори касалиҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод. 41 Девҳо низ аз бисьёр касон берун омада, бо фарьёд мегуфтанд: «Ту Масеҳ Писари Худо ҳастй». Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд. Исо дар тамоми Яҳудо мавьиза менамояд 42 Чун субҳ дамид, Ӯ берун омада, бахилватгоҳе рафт, вале мардум Ӯро кофта ёфтанд ва назди Ӯ омаданд, ва Ӯро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад. 43 Ба онҳо гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам». 44 Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.
Моҳигирии мӯъҷизаосо 1 БОРЕ, вақте ки мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то ки каломи Худоро гӯш кунанд, ваӮ дар канори кӯли Ҷинесор истода буд, - 2 Ду қаиқро дид, ки дар кӯл истода буданд, ва сайёдони моҳӣ аз онҳо берун омада, тӯрҳои худро шустушӯй мекарданд. 3 Ба яке аз қаиқҳо, ки аз они Шимъӯн буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ӯ дар қаиқ нишаста, мардумро таълим медод. 4 Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъӯн гуфт: «Ба чуқуроб бирон, ва тӯрҳои худро барои сайд андозед». 5 Шимъӯн дар ҷавоби Ӯгуфт: «ЭЙ Ӯстод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам». 6 Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайдкарданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон кафида равад. 7 Ва ба рафиқони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорат карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду қаиқро пур карданд, ба тавре ки қариб буд зери об раванд. 8 Шимъӯни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт: «Худовандо! Аз пепш ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам». 9 Зеро ки вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳиёне ки ба даст оварда буданд, дар даҳшат афтоданд, 10 Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанко, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъӯн буданд. Ва Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс; минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард». 11 Ва ҳар ду қаиқро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз ақиби Ӯ равона шуданд. Исо махавиро шифо медихад 12 Вакте ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад ва, чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунй». 13 Ӯ дасти Худро дароз карда, вайро Ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд. 14 Ва Ӯ ба вай таъин кард, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба кохин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то ба онҳо шаҳодате гардад. 15 Аммо овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ӯ ҷамъ меомаданд, то ки каломашро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд. 16 Ва Ӯ ба ҷойҳои хилват мерафт ва дуо мегуфт. Щифо ёфтаии мафлуҷ 17 Рӯзе аз рӯзҳо, вақге ки Ӯ таълим медод, вафарисиён ва муаллимони шариат аз тамоми деҳоти "Ҷалил ва аз Яҳудо ва Ерусалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва куввати Худованд дар шифо доданаш зоҳир мешуд, - 18 Инак, якчанд кас марди мафлуҷеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ӯ бигузоранд, 19 Вале ба сабаби бисьёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёнаи хона пеши Исо поён фуроварданд. 20 Ва Ӯ имони онҳоро дида, гуфт: «Эй одамизод, гуноҳҳои ту омурзида шуд». 21 Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Ин кист, ки куфр мегӯяд? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?» 22 Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо дар дили худ чй андешаҳо доред? 23 «Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтаки он ки "бархез ва равона шав"? 24 «Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин кудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад» - ба мафлуҷ гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». 25 Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархост, бистари худро бардошт ва, Худоро сипоскунон, ба хонаи худ равона шуд. 26 Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибе дидем». Даъват кардаии Матто. Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хурок мехӯрад 27 Баъд аз ин Ӯ берун рафта, Левй ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». 28 Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз паи Ӯравона шуд. 29 Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ӯ зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар дар он ҷо буданд, ва онҳо бо Ӯ назди суфра нишастанд. 30 Китобдонон ва фарисиён норизогӣ баён намуда, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯред ва менӯшед?» 31 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд; 32 «Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам». Масьалаи рӯзадорӣ 33 Ба Ӯ гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё бисьёр рӯза медоранд ва дуо мегӯянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?» 34 Ба онҳо гуфт: Юё метавонед аҳли кӯшки никоҳро, модоме ки домод бо онҳост, ба рӯзадорӣ водор намоед? 35 «Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ, дар он айём рӯза хоҳанд дошт». Масалҳо дар бораи ҷома ва машк 36 Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, бар ҷомаи кӯҳна ямоқ намемонад; вагар на, ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд. 37 «Ва ҳеҷ кас шароби навро дар машки кӯҳна намеандозад; вагар на шароби нав машкро дарида, ҳам худаш мерезад, ва ҳам машк талаф мешавад; 38 «Лекин шароби навро дар машки нав андохтан ло~ зим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд. 39 «Ва ҳеҷ кас шароби кӯҳнаро нӯшида, дарҳол навашро талаб намекунад, зеро ки мегӯяд: шароби кӯҳна хуб аст».
Исо ва қоидаҳои яҳудиён дар бораи рузи шанбе 1 ЯК рӯзи шанбе чунин воқеъ шуд, ки Ӯ аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ӯ хӯшаҳоро мечиданд ва ба каф молида, мехӯрданд. 2 Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар шанбе раво нест?» 3 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чй кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд? 4 «Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хӯрд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ва ҳол он ки хӯрдани он раво набуд, ҷуэ барои коҳикон?» 5 Ва ба онҳо гуфт: «Пясари Одам оғои шанбе низ мебошад». Шифо ёфтани дастхушк 6 Як рӯзи шанбеи дигар Ӯ ба куништ даромада,таълим медод, ва дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд. 7 Китобдонон ва фарисиён аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки аибе ба гардани Ӯ бор кунанд. 8 ВаӮ андешаҳои онҳоро пай бурда, ба марди дастхушк гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо биист». Вай бархост ва истод. 9 Ва Исо ба онҳо гуфт: «Аз шумо мепурсам, ки дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» 10 Ва ба ҳамаи онҳо назар афканда, ба он мард гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд. 11 Аммо онҳо бисьёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар муҳокима мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд. Интихоб шудани дувоздаҳ нафар ва номҳои онҳо 12 Дар он айёмӮ барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт. 13 Вақте ки чашми рӯз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳаввориёнро дод, ки инҳоянд: 14 Шимъӯн, ки ӯро Петрус номид, вабародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филлиппус ва Барталмо, 15 Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯн, ки лақабаш Ғаюр буд, 16 Яҳудо ибни Яъкуб ва Яҳудои Исқарьют, ки баъдтар таслимкунандаи Ӯ шуд. Фаьолияти Исо то ҳудуди Яҳудо вусьат меёбад 17 Ва бо онҳо фурӯд омада, бар ҷои ҳамворе истод, ва шумораи зиёди шогирдонаш ва мардуми бисьёре аз тамоми Яҳудо па Ерусалим ва аз соҳили Сӯр ва Сидӯн ҷамъ омаданд, 18 То ки каломи Ӯро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифторони арвоҳи палид буданд; ва шифо меёфтанд. 19 Ва тамоми издиҳом саъю кӯшиш мекарданд, ки Ӯро ламс намоянд, чунки куввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид. Мавъизаи Исо: Аҳкоми хушбахтӣ. 20 Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост. 21 «Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳед шуд. Хушо шумо, ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд. 22 «Хушо шумо, вакте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд. 23 «Дар он рӯз шодй кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор карда буданд. Эълон кардани: вой бар ҳоли шумо! 24 «Бар акси ин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватдорон! Зеро ки шумо аллакай тасаллои худро ёфтаед. 25 «Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гирья хоҳед кард. 26 «Вой бар ҳоли шумо, вакте ки тамоми мардум щуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб ҳамин тавр рафтор карда буданд. Бартараф кардани бадӣ ба воситаи муҳаббат 27 «Лекин ба шумо, эй шунавандагон,мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, ба нафраткунадагони худ некй кунед, 28 «Барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гӯед. 29 «Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай бигардон; ва ҳар кй ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав. 30 «Ҳар кӣ аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ, ва ҳар кӣ чизи туро бигирад, гашта доданашро талаб накун. 31 «Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед. 32 «Ва агар касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ дӯстдорандагони худро дӯст медоранд. 33 «Ва агар ба касоне некӣ кунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ чунин мекунанд. 34 «Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд. 35 «Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носилосон ва бадон меҳрубон аст. 36 «Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст. Ба мукобили маҳкум кардани дигарон 37 «Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум наҳоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд; 38 «Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби чунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд». 39 Ва масале низ ба онҳо гуфт: «Оё метавонад кӯре ба кӯри дигар роҳнамой кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд? 40 «Шогирд аз муаллими худ авло нест; аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд. 41 «Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? 42 «Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гӯй: "Эй бародар! Иҷозат деҳ хасро аз чашми ту дур кунам", дар сурате ки чӯбро дар чашми худ намебинӣ? Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ. Дар бораи ба цо овардани иродаи Худо 43 «Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад; ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошад. 44 «Зеро ки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; чунки аз буттаи олуча анҷир намегиранд, ва аз мушхор ангур намечинанд. 45 «Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шаҳси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд. Масал дар бораи хонае ки бар санг бино шудааст 46 «Чаро Маро "Худовандо! Худовандо!" мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред? 47 «Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад} ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст: 48 «Вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чукур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт, ва ҳангоме ки сел омада, оби наҳр он ҳонаро зер кард, онро аз ҷояш чунбонда натавонист, чунки бар санг бино шуда буд. 49 «Лекин ҳар кӣ бишнавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рӯи хок бе таҳкурсӣ бино кард, ва ҳангоме ки оби наҳр онро зер кард, дарҳол фурӯ рафт, ва харобии он хона бузург буд».
Шифо ёфтани еуломи мирисад 1 ВАҚТЕ ки Ӯ ҳамаи суханони Худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд. 2 Ғуломи якмирисад,ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд. 3 Вай овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада ғуломи вайро шифо диҳад. 4 Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисьёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунй, 5 «Зеро ки вай қавми моро дӯст медорад ва барои мо куништ иморат кард». 6 Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ; 7 «Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане бигӯ, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт; 8 «Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: "Еирав", меравад; ба дигаре мегӯям: "Биё", меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: "Фалон корро бикун", мекунад». 9 Исо ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ӯмерафтанд, рӯ гардонда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтаам». 10 Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд. Исо писари бевазанро дар Ноин зинда мекунад 11 Баъд аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин номдорад; ва бисьёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд. 12 Вақте ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд. 13 Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гирья накун». 14 Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез». 15 Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд. 16 Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст». 17 Ин ақида дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд. 18 Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд. Саволи Таъмиддиҳанда ва ҷавоби Исо 19 Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дшаре бошем?» 20 Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем: "Оё Ту Ҳамон ҳастй, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?"» 21 Дар ҳамон вақт Ӯ бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кӯрони бисьёрро биноӣ бахшида буд. 22 Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳьё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад; 23 «Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад». Шаҳодати Исо дар бораи Яҳьё 24 Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад? 25 «Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагй мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд. 26 «Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набй? Оре, ба шумо мегӯял1, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст. 27 «Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: "Инак, Ман косиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад". 28 «Зеро ки ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст». 29 Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирифта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд. Исо беақлии беимониро фош мекунад 30 Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд. 31 Ва Худованд гуфт: «Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кй монандй доранд? 32 «Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар кӯча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегӯянд: "Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед". 33 «Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на шароб менӯшад; ва шумо мегӯед: "Вай дев дорад". 34 «Писари Одам омад, кя мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: "Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти бочгирон ва гунохкорон аст". 35 «Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд». Зани гунохкор, ки гуноҳаш афв шуда буд, ба нишонаи миннатдорӣ Исоро бо равғани атрафшон тадҳин мекунад 36 Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вайхӯрок хӮрад; на Ӯба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст. 37 Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисй назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард; 38 Ва аз қафо назди пойҳои Ӯ истода, гирьякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, бо равғани атрафшон тадҳин кард. 39 Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун ннро дид, дар Дили худ гуфт: «Агар Ӯ набй мебуд, медонист, ки вай кист ва чй гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад,зеро ки вай гуноҳкор аст». 40 Исо ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй Шимъӯн! Ба ту чизе гуфтанй ҳастам». Гуфт: «Бигӯй, эй Ӯстод». Масал дар бораи қарзхоҳ ва ду қарздор 41 Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт. 42 «Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?» 43 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касеки ба вай ӯ бештар бахншдааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ». 44 Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинй? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодй; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид. 45 «Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақги омаданам ин ҷониб, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад. 46 «Ту сари Маро бо равғани зайтун тадҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон тадҳин кард. 47 «Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисьёри вайомурэида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст». 48 Ва Ӯ ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят омурзида шудааст». 49 Онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?» 50 Ӯ ба он зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав».
Исо дар Ҷалил мавъиза мекунад ва шифо медщад 1 БАЪД аз ин Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод, ва бо Ӯ он дувоздаҳ буданд, 2 Ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ӯ аз арвоҳи палид ва касалиҳо шифо дода буд: Марьям, ки Маҷдалия номида мешуд, ва аз вай ҳафт дев берун рафта буд, 3 Ва Юҳона, ҳамсари Кузо, ки девонбегии Ҳиродус буд, ва Сусан, ва бисьёри дигарон, ки бо дороии худ ба Ӯ хизмат мекарданд. Масал дар бораи коранда 4 Вақте ки мардуми бисьёре ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ӯ омадан гирифтанд, Ӯ масале оварда, гуфт: 5 «Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва мурғони ҳаво онро хӯрданд; 6 «Қадаре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки рутубате набуд; 7 «Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд; 8 «Кадаре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард». Инро гуфта, нидо кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 9 Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Маънои ин масал чист?» 10 Гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, ба тавре ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намефаҳманд. 11 «Чшак маънои ин масал: тухм каломи Худост. 12 «Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд; 13 «Афтода бар сашлох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, бо шодӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вакти озмоиш ақиб мераванд; 14 «Афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале андешаҳо, сарват ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад, ва онҳо самаре намеоваранд; 15 «Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дшщ нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд. Масал дар бораи шамъе ки даргиронда шудааст 16 «Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепӯшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рӯшноиро бубинад. 17 «Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки маълум ва зоҳир нашавад. 18 «Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ тавр мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта шавад». Хешовандони ҳакикӣ бо Исо 19 Ва модар ва бародаронаш назди Ӯ омаданд, вале ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд. 20 Ва ба Ӯ хабар дода, гуфтанд: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бубинанд». 21 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд». Исо мавҷҳоро ором мекунад 22 Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба қаиқ савор шуд ва ба онҳо гуфт: «Ба он канори кӯл мегузарем». Ва қаиқро ронданд. 23 Дар аснои роҳ Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоди шадиде бар кӯл бархост, ва қаиқи онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд. 24 Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Ӯстод! Ӯстод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархоста, бод ва ғалаёни обро манъ кард, ва онҳо қатъ гардиданд, ва оромӣ барқарор шуд. 25 Ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Онҳо бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ба бодҳо ва об низ амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» Исо дар сарзамини ҷадариён 26 Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд. 27 Вақте ки Ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори девҳо буд, дер вақт боз либосе намепӯшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагй мекард. 28 Ҳамин ки Исоро дид, фарьед зада, пеши Ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Туробоман чӣ кораст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!» 29 Зеро Ӯ ба рӯҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад; чунки вай муддати дуру дарозе ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирхо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард, ва дев ӯро ба биёбонҳо меронд. 30 Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Гуфт: «Легион», ҷунки девҳои бисьёр ба дарунаш даромада буданд. 31 Ва онҳоазӮ илтимоскарданд, ки онҳоро амр фармуда ба ҳовия нафиристад. 32 Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ӯ ба онҳо иҷозат дод. 33 Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва ғарқ шуд. 34 Хукбонон ин вокеаро дида, давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот нақл карданд. 35 Мардум барои дидани воқеа берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва ҳаросон шуданд. 36 Ва касоне ки воқеаро дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девона чй гуна шифо ёфт. 37 Ва тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Ӯ илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарсу ҳароси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ӯ ба қаиқ савор шуда, баргашт. 38 Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ӯ илтимос кард, ки бо Ӯ бошад. Лекин Ӯ вайро ба хонааш фиристода, гуфт: 39 «Ба ҳонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо». Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза намуд. Шифо ёфтани зан. Эҳьёи духтари Ёир 40 Вақте ки Исо баргашт, мардум Ӯро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ӯ буданд. 41 Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд. 42 Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, ба ҳолати назъ расида буд. Вақте ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд. 43 Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравй буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, - 44 Аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд, ва дарҳол хунравии вай қатъ шуд. 45 Ва Исо гуфт: «Кист, ки Маро ламс кард?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Ӯстод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, - ва Ту мегӯӣ: "Кист, ки Маро ламс кард?"» 46 Аммо Исо гуфт: «Касе Маро ламс кардааст; зеро Ман ҳис кардам, ки куввате аз Ман берун рафт». 47 Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва дар хузури тамоми мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб Ӯро ламс намуд, ва чй гуна дарҳол шифо ёфт. 48 Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав». 49 Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардорн куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Ӯстодро дигар ташвиш надеҳ». 50 Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, фақат имон овар, ва ӯ наҷот хоҳад ёфт». 51 Ва ҳангоме ки ба хона расид, ҷуз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд. 52 Ҳама барои вай гирья ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гирья накунед; вай намурдааст, балки хуфтааст». 53 Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст. 54 Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй дуҳтар! Бархез». 55 Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархост; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд. 56 Падару модари вай дар ҳайрат монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба ҳеҷ кас нақл накунанд.
Исо дувоздаҳ шогирдонро мефиристад, то ки башорат диҳанд 1 ОН дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо, ва барои шифо додани касалиҳо ба онҳо кувват ва қудрат бахшид, 2 Ва онҳоро фиристод, то ки Малакути Худоро мавъиза намоянд ва беморонро шифо диҳанд. 3 Ба онҳо гуфт: «Барои роҳ ҳеҷ чизе нагиред: на асое, на тӯрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед; 4 «Ва ба ҳар ҳона, ки даромадед, дар он ҷо бимонед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед; 5 «Ва агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, вақте ки аз он шаҳр берун меравед, ғубори пойҳои худро биафшонед, то ки шаҳодате бар онҳо гардад». 6 Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебаҳшиданд. Беқарорж Ҳиродус аз боиси Исо 7 Вақте ки тетрарҳ Ҳиродус овозаи тамоми амалиёти Ӯро шунавид, дар ҳайрат афтод: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳьё аз мурдагон эҳьё шудааст; 8 Дигарон мегуфтанд, ки Ильёс зоҳир гардидааст; вале баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст. 9 Ва Ҳиродус гуфт: «Ман сари_Яҳьёро аз танаш ҷудо кардаам; пас, Ин кист, ки дар бораи Ӯ чунин гапҳоро мешунавам?» Ва меҳост Ӯро бубинад. Ҳаввориён бармегарданд. Сер шудани панч ҳазор мард 10 Ҳаввориён баргашта, корҳои худро ба Ӯ нақл карданд; ва Ӯ онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт-Сайдо ном шаҳре буд. 11 Аммо мардум ҳабардор шуда, аз ақиби Ӯ рафтанд; ва Ӯ онҳоро пазироӣ карда, бо онҳо дар бораи Малакути Худо сӯҳбат кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод. 12 Бегоҳирӯзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ӯ омада, гуфтанд: «Мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба қасаба ва деҳоти атроф рафта, манзил ва хӯрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои ҳилват аст». 13 Ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо ҳӯрок дихед». Гуфтанд: «Мо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои тамоми ин мардум ҳӯроке бихарем?» 14 Зеро ки онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Онҳоро дастадаста панҷоҳнафарӣ шинонед». 15 Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд. 16 Ва Ӯ панҷ нон ва ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд. 17 Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд. Мардум ва шогирдон Исоро кӣ мегуянд 18 Боре, вақте ки Ӯ дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ӯ буданд, Ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?» 19 Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъэе магӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсй; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст». 20 Аз онҳо пурсид: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Масеҳи Худо». 21 Ва Ӯ ба онҳо фармони қатъӣ дод, ки инро ба касе нагӯянд; Исо дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад 22 Ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад. Исоро чӣ гуна пайравн бояд кард? 23 Ва ба ҳама гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд; 24 «Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кй ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад; 25 «Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад? 26 «Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм ҳохад кард; Дигаргун шудани Худованд 27 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъэе, ки дар ин ҷо истодаанд, то Малакути Худоро набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид». 28 Баъд аз ин гапҳо тақрибан ҳашт рӯз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад. 29 Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ӯ дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид. 30 Ва инак, ду мард бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд, ки Мусо ва Ильёс будакд: 31 Онҳо дар ҷалоле зоҳир гардида, дар бораи оқибати Ӯ, ки бояд дар Ерусалим ба амал ояд, сухан меронданд. 32 Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ӯ буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ӯро, ва он ду мардро, ки бо Ӯ истода буданд, диданд. 33 Вақте ки Мусо ва Ильёс аз пеши Ӯ мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт: «Эй Ӯстод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс, - ва намедонист, чӣ мегӯяд. 34 Ҳанӯз вай ин суханро мегуфт, абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун дохили абр шуданд, ба ҳарос афтоданд. 35 Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Пксари Маҳбуби Ман; ӯро бишнавед». 36 Ва овоз баромадан замон, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурӯ бастанд ва аз он чи дида будакд, ба ҳеҷ кас дар он айём гап назаданд. Шифо ёфтани девона 37 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ фуромаданд, мардуми бисьёре Ӯро пешвоз гирифтанд. 38 Ва инак марде аз байни мардум фарьёд зада, гуфт: «Эй Ӯстод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фарзанди ягонаи ман аст: 39 «Рӯҳе ӯро мегирад, ва ӯ ногаҳон наъра мезанад, ва сахт печутоб мехӯрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ӯро тамоман беҳолу бемадор карда, базӯр аз ӯ даст мекашад; 40 «Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд». 41 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор, то ба кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр». 42 Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонида, сахт печутоб дод; аммо Исо рӯҳи палидро мазаммат намуд, ва писарро шифо дода, ба падари вай супурд. 43 Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо тааҷҷуб менамуданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: Исо бори дуюм дар бораи мамоти Худ сухан меронад 44 «Ин суханонро дар гӯши худ ҷо кунед: Писари Одам ба Дасти одамон таслим карда хоҳад нгуд». 45 Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онродарк накардакд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин сухан аз Ӯ бипурсанд. Ба муқобили иззатталабии шогирдон 46 Ва ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 47 Исо андешаи дили онҳоро дарьёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт 48 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд». Рашки сохтаи шогирдон 49 Дар айни ҳол Юҳанно гуфт: «Эй Ӯстод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо намегардад». 50 Исо ба вай гуфт: «Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост». Сомариён Исоро пазироӣ намекунанд 51 Ва чун айёми сууди Ӯ наздик мешуд, Ӯ азми сафари Ерусалим кард; 52 Ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як қаса баи сомариен шуданд, то ки барои Ӯ тадорук кунанд: 53 Аммо Ӯро пазироӣ накарданд, зеро ки Ӯ рӯй ба ҷониби Ерусалим ниҳода буд. 54 Шогирдони Ӯ Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд: «Худовандо! Оё мехоҳӣ бигӯем, ки оташе аз осмон омада, онхоро маҳв намояд, чунон ки Ильёс низ карда буд?» 55 Аммо Ӯ рӯ гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт: «Намедонед, ки шумо ба кадом рӯҳ мансуб ҳастед; 56 «Зеро ки Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст». Ва ба қасабаи дигаре рафтанд. Ҷиддияти пайравӣ кардан ба Исо 57 Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Х,ар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард». 58 Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад». 59 Ба дигаре гуфт: «Маро пайрави кун». Вай гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам». 60 Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ». 61 Боз шаҳси дигаре гуфт: «Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам». 62 Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест».
Исо ҳафтод шогирдонро мефирстад, то ки башорат диҳанд. Иубувват дар бораи кори миссионерй 1 БАЪД аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро чуфтчуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод, 2 Ва ба онҳо гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад. 3 «Биравед! Инак, пгуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам. 4 «Ҳеҷ ҳамьёне, тӯрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед. 5 «Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: "Салом бар ин хона бод!" 6 «Агар дар он ҷо писари осоиштагй бошад, саломи пхумо бар вай қарор мегирад; вагар на, сӯи шумо бармегардад; 7 «Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихӯред ва бинӯшед: зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред. 8 «Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихӯред; 9 «Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигӯед: "Малакути Худо ба шумо наздик шудааст". 10 «Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед: 11 «"Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик шудааст". 12 «Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд. Исо бар шахрхо доварӣ эьлон мекунад 13 «Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд; 14 «Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад буд. 15 «Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзаҳ сарнагун хоҳӣ шуд. 16 «Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кй шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад». Баргаштпани ҳафтод нафар 17 Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд». 18 Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтода дидам; 19 «Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд; 20 «Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст». Ҷалол додани Падар 21 Дар ҳамон соат Исо аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардй; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд». 22 Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Хдма чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас, ҷуз Падар, намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад». 23 Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад! 24 «Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мепгунавед, бишнаванд, ва нашуниданд». Шариатдон Исоро озмоиш мекунад 25 Ва инак, як шариатдон бархост ва Ӯро озмуданй шуда, гуфт: «Эй Ӯстод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонй шавам?» 26 Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта щудааст? Ва ту чй тавр меҳонй?» 27 Дар ҷавоб гуфт: «Худовағд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор, ва ёри худро мисли худ дӯст бидор». 28 Ба вай гуфг: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун, ва хоҳй зист». 29 Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?» Масал дар бораи сомарии некдил 30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. 31 «Тасодуфан коҳине аз он рох равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт. 32 «Ҳамчунин марде аз сибти Левй, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт. 33 «Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва аҳволи ӯро дида, дилаш сӯхт 34 «Ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва шароб рехгу ҷароҳатбандӣ кард; ва ӯро ба маркаби ҳуд савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамҳорӣ намуд; 35 «Ва фардоӣ он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: "Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёдтар харҷ кунй, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод". 36 «Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?» 37 Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Бирав, ва ту низ чунин бикун», Хизматгузории Марто ва Маръям 38 Ва дар аснои роҳ Ӯ вориди қасабае шуд, ва занеки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд; 39 Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард, 40 Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки ҳоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Бавай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад». 41 Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту дар ҳусуси чизҳои бисьёр ғамхорй ва давутоз мекунӣ, 42 «Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям кисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».
Исо ба шогирдон дуо гуфтанро таълим медихад 1 РӮЗЕ Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст». 2 Ба онҳо гуфт: «Вакте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед: "Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд; 3 "Ризқу рӯзии моро ҳар рӯз ба мо бидеҳ; 4 "Ва гуноҳҳои моро биомурз, зеро ки мо низ ба ҳар қарздори худ мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ"». Масал дар бораи дӯсти шилкин 5 Ва ба онҳо гуфт: «Фаразан, яке аз шумо, ки дӯсте дошта бошад, нисфи шаб пеши ӯ омада, гӯяд: "Эй дӯст! Ба ман сето нон қарз деҳ, 6 «Зеро ки як дӯстам аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш бимонам"; 7 «Ва ӯ аз дарун дар ҷавоби вай гӯяд: "Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам барҳоста, ба ту чизе диҳам", - 8 «Ба шумо мегӯям, ки ҳар чанд аз рӯи дӯстӣ барҳоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вая хоҳад дод. 9 «Ва Ман ба шумо мегӯям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд; 10 «Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. Масал дар бораи падари некдил 11 «Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аэ ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад, ва ӯ, ба ҷои моҳӣ, море ба вай бидиҳад? 12 «Ё, агар туҳме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад? 13 «Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони ҳуд додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод». Исоро айбдор намуда, мегӯянд, ки Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунад 14 Боре Ӯ як девро, ки гунг буд, берун кард; ва ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум дар ҳайрат монданд. 15 Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул, калони девҳо, берун мекунад». 16 Ва дигарон, озмуданй шуда, аз Ӯ аломати осмонӣ талаб мекарданд, 17 Вале Ӯ фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам чудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам чудо шавад, фурӯ меғалтад. 18 «Ва агар шайтон низ аз ҳам ҷудо шавад, салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. 19 «Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд. 20 «Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст. 21 «Вақге ки марди пурзӯр ҳонаи ҳудро бо яроқ нигаҳбонй мекунад, дороии вай дар амон аст, 22 «Вале вақте ки шахси аз вай пурзӯртар ба вай ҳучум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми яроқи вайро, ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад. 23 «Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст, ва ҳар кй бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад. Баргаштани рӯҳи палид 24 «Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар чустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, чун наёфт, мегӯяд:"Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам". 25 «Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад; 26 «Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад». Зан модари Исоро ҷалол медиҳад. Ҷавоби Исо 27 Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ӯ гуфт: «Хушо шикаме ки Туро ҳамл кардааст, ва пистонҳое ки Туро шир додааст!» 28 Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд». Мардум аломати осмонӣ металабанд 29 Вақте ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ӯ ба сухан оғоз карда, гуфт: «Ин насл насли шарир аст; вай аломате металабад, ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд; 30 «Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Нинве буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл хоҳад буд. 31 «Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст. 32 «Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳапд кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузургтар аст. Масал дар бораи шамъе ки даргиронда шудааст 33 «Хеҷ кас шамъро даргиронда, дар чои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бубинанд. 34 «Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар он хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд. 35 «Пас, ҳазар намо: мабодо нуре ки дар туст, зулмот бошад. 36 «Вале агар баданат комилан равшан буда, ҳеҷ як қисми торике надошта бошад, он тамоман нуронӣ хоҳад буд, ба монанди он ю! чароғе бо дурахши худ туро мунаввар карда бошад». Исо фарисиёнро маҳкум мекунад 37 Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, як фарисй Ӯро ба хонаи худ ба хӯрок таклиф кард; Ӯ омада, назди суфра нишаст. 38 Фарисй чун дид, ки Ӯ пеш аз хӯрок даст нашуст, мутааҷҷиб шуд. 39 Лекин Худованд ба вай гуфт: «Ҳоло шумо, фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат иур аст. 40 «Эй беаклон! Оё Ҳамои ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст? 41 «Беҳтар аст, ки аз он чи Доред, садақа диҳед: ои гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд. 42 «Аммо вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ мекунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед. 43 «Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки дӯст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кӯчаю бозорҳо салому табрикҳо бишнавед. 44 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёнц риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд». Исо шариатдононро маҳкум мекунад 45 Дар ҷавоб яке аз шариатдонон баӮгуфт: «Эй Ӯстод! Бо ин суханопат моро низ таҳқир мекунй». 46 Аммо Ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дӯши Мардум мегузоред, лекин худатон як апгуштро Ҳам ба он борҳо намерасонед. 47 «Вой бар ҳоли шумо, ки мақбараҳои акбиёро бино мекунед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд; 48 «Бо ҳамин шумо шоҳнд ва шарики аъмоли падарони худ мегардед, зеро ки онҳо анбиёро куштаанд, ва шумо мақбараҳошонро бино мекунед. 49 «Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: „Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳакд кард; 50 «То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад: 51 «Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки ваи дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст". Оре, ба шумо мегуям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд. 52 «Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое ки даромадан мехостанд, монеъ шудед». 53 Вакте ки Ӯ ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фарисиён бошиддат Ӯро фишор дода, боз бисьёр чизҳоро аз Ӯ пурсидан гирифтанд, 54 Ва мунтазир буданд, то ки аз забонаш чизе бишнаванду Ӯро айбдор кунанд.
Огоҳонидан аз риёкории фарисиён. Таргиби эыпирофи ҷа сурона 1 ДАР ин миён, вақте ки ҳазорон одамон ҷамъ омаданд, ба тавре ки якдигарро фишор медоданд, Ӯ ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони Худ гуфт: «Аз хамиртуруши фарисиён, ки риёкорист, ҳазар кунед. 2 «Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад. 3 «Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рӯшной шунида хоҳад шуд; ва он чи шумо дар хона ба гӯш гуфтаед, дар болои бомҳо эълон карда хоҳад шуд. 4 «Ва Ман ба шумо, эй дӯстонам, мегӯям: аз кушандагони ҷисм, ки қодир нестанд баъд аз он ятон кори дигаре бикуианд, натарсед; 5 «Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Ӯ ҳаросон бошед, ки баъд аз куштан қодир аст ба дӯзаҳ андозад; оре, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед. 6 «Оё панҷ гунҷишк ба ду фулус фурӯхта намешавад? Ва ягонтои онҳо аз назари Худо намеафтад. 7 «Ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо игумурда шудааст. Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред. 8 «Ва Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Маро дар назди мардум зътироф кунад, Писари Одам низ вайро дар назди фариштагони Худо зътироф хоҳад кард; 9 «Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, вай дар назди фариштагони Худо инкор карда хоҳад шуд. 10 «Ба ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурэида мешавад; лекин ҳар кй бар зидди Рӯҳулкудс куфр гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд. 11 «Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд бидиҳед ва ё чӣ сухане бояд бигӯед; 12 «Зеро ки дар он соат Рӯҳулқудс шуморо таълим хоҳад дод, ки чй бояд гуфт». Огоҳонидан аз тамаъкорӣ 13 Шахсе аз миёни мардум ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад». 14 Ба вай гуфт: «Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё ҳакам таъин кардааст?» 15 Ва ба онҳо гуфт: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест». Масал дар бораи сареатдори беақл 16 Ва масале ба онҳо гуфт: «Киштзори як марди сарватдор ҳосили фаровоне овард; 17 «Ва дар дили худ андеша карда, гуфт: "Чӣ кунам, модоме ки барои анбор кардани ҳосилоти худ ҷое надорам?" 18 «Ва гуфт: "Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро бино мекунам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам. 19 "Ва ба ҷони худ мегӯям: Эй ҷони ман! Дороии бисьёре барои чандин сол дорй: фароғат кун, бихӯр, бинӯш ва димоғчоқӣ кун". 20 «Вале Худо ба вай гуфт: "Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад?" 21 «Чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад». Ғамхории сохта ва дуруст 22 Ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ гамҳорӣ накунед, ки чӣ бихӯред, низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипушед: 23 «Ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар аст. 24 «Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд; на ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рӯзӣ мерасонад; пас шумо аз паррандагон чй кадар бештар арзанда ҳастед! 25 «Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад? 26 «Пас, агар шумо аз ӯҳдаи чунин кори . хурдтарин баромада натавонед, чаро ба дигараш ғамхорӣ мекунед? 27 «Ба савсанҳо назар кукед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд; лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст. 28 «Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, шуморо, эй сустимонҳо, чӣ қадар аз он беҳтар пӯшонда метавонад! 29 «Ва шумо дар чустуҷӯи он набошед, ки чӣ бихӯред ё чӣ бипӯшед, ва аз ғам осуда бошед, 30 «Чунки қавмҳои ҷаҳон дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошакд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред; 31 «Балки Малакути Худоро биталабед, ва ҳамаи ин барои шумо илова хоҳад шуд. 32 «Натарс, эй рамаи хурд! Зеро ки Падари шумо таваҷҷӯҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад. 33 «Дороии худро бифрӯшед ва садақа диҳед. Барои худ ҳамьёнҳои кӯҳнанашаванда, ганҷи бепоён дар осмон муҳайё созед, ки дузд ба он наздик намешавад, ва куя онро намезанад; 34 «Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд. Дар бораи интизорӣ ба омадани Масеҳ 35 «Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурӯзон бошад; 36 «Ва ҳудатон монанди касоне бошед, ки ба оғои худ интизорй доранд, то ки ҳангоми аз тӯи арӯсӣ омада дарро кӯфтанаш дарҳол барояш воз кунанд. 37 «Хушо ҳамон ғуломоне ки оғояшон, дар вакти омаданаш, онҳоро бедор меёбад; ба ростй ба шумо мегӯям, ки вай камари худро баста, онҳоро назди суфра хоҳад шинонд ва пеш омада, ба онҳо хизмат хоҳад кард. 38 «Ва агар дар поси дуюм ва дар поси сеюми шаб омада, онҳоро чунин ёбад, хушо он ғуломон! 39 «Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом соат дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад: 40 «Пас, шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд». 41 Петрус гуфт: «Худовандо! Оё ин масалро барои мо гуфтй, ё барои ҳама?» Масал дар бораи гумошта 42 Ҳудованд гуфт: «Кист он гумоштаи мӯътамад ва доно, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вакт хӯрок диҳад? 43 «Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад; 44 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард. 45 «Лекин агар он ғулом дар дили худ гӯяд, ки "оғои ман ба зудӣ намеояд", ва ба задани ғуломону канизон ва ба хӯрдану нӯшидану маст шудан шурӯъ кунад, 46 «Оғои он ғулом дар рӯзе ки ӯ мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад, ва ӯро ду пора карда, қисматашро ба хоинон баробар хоҳад кард. 47 «Ва он ғулом, ки иродаи оғои худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи иродаи вай амал накард, шаттаи бисьёре хоҳад хӯрд; 48 «Аммо он ки намедонист ва корҳои сазовори ҷазо кард, камтар шатта хоҳад хӯрд. Ба ҳар касе ки бисьёр ато шуда бошад, аз вай бисьёр талаб карда мешавад; ва ба ҳар касе ки амонати бисьёр супурда шуда бошад, аз вай бисьёртар талаб мекунанд. Исо ҷудоии одамонро пегигуй мекунад 49 «Ман омадаам, то ки оташе бар замин фурӯд оварам, ва хеле иштиёқмандам> ки он ҳоло фурӯзон шавад! 50 «Маро таъмиде дар пеш аст, таъмиде ки бояд биёбам; ва чй қадар дар изтироб ҳастам, то даме ки ин ба амал ояд! 51 «Оё шумо гумон мекунед, ки Ман омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам? Не, мегӯям ба шумо, балки барои он ки ҷудой биёрам; 52 «Зеро ки минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо хоханд буд: се аз ду, ва ду аз се; 53 «Падар аз писар ва писар аз падар, модар аз духтар ва духтар аз модар, модаршӯ аз келин ва келин аз модаршӯ ҷудо хоҳад буд». Аломоти замон наҷоти ҷонро ба хотир меоварад 54 Ба мардум низ гуфт: «Вақте ки абри аз ғарб пайдошударо мебинед, дарҳол мегуед: "Борон хоҳад борид"; ва чунин мешавад; 55 «Ва ҳангоме ки боди ҷанубй мевазад, мегӯед: 'Тармо хоҳад омад"; ва меояд. 56 «Эй риёкорон! Қиёфаи замину осмонро шинохта метавонед, пас чй гуна ин замонро шинохта наметавонед? 57 «Пас, чаро шумо аз пеши худ ҳукм намекунед, ки адолат чист? 58 «Вақте ки ту бо даъвогари худ назди сардорон меравй, дар аснои роҳ саъю кӯшиш намо, ки аз вай халос шавй, то ки вай туро назди қозй набарад, ва козй туро ба мулозим насупорад, ва мулозим туро ба зиндон наандозад; 59 «Ба ту мегӯям, ки то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт».
Дар бораи тавба 1 ДАР ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ӯ дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо курбониҳои онҳо омехтааст. 2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё гумон мекунед, ки ин ҷалилиён аз ҳамаи ҷалилиён зиёдтар гуноҳкор будаанд, ки чунин азоб кашидаанд? 3 «Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд. 4 «Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилӯаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд? 5 «Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд». Масал дар бораи дарахти анҷири бемева 6 Ва чунин масале гуфт: «Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт. 7 «Ва ба токдор гуфт: "Инак, се сол боз ман меоям, то ки аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд кунад?" 8 «Аммо вай дар ҷавоб гуфт: "Эй оғо! Имсол ҳам онро бимон, то ки гирдашро канда, нурй андозам: 9 «Шояд, бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ"». Исо дар рӯзи шанбе шифо медиҳад 10 Дар яке аз куништҳо Ӯ рӯзи шанбе таълим медод; 11 Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист. 12 Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт: «Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавй». 13 Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд. 14 Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе фо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе». 15 Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Эй риёкор! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рӯзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебарад? 16 «Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол боз баста буд, оё дар рӯзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?» 17 Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ шод буданд. Масал дар бораи донаи хардал 18 ВаӮгуфт: «Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам? 19 «Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи ҳуд партофт: ва он нумӯ карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд». Масал дар бораи хамиртуруш 20 Боз гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунам? 21 «Он монанди хамиртурушест, ки эане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид». Ҷавоби Исо ба савол дар бораи он ки оё шумораи наҷотьёбан дагон кам аст 22 Ва Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Ерусалимро пеш гирифта буд. 23 Касе ба Ӯ савол дода, гуфт: «Худовандо! Наход ки шумораи наҷотьёбандагон кам аст?» Ба онҳо гуфт: 24 «Саъю кӯшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист, 25 «Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: "Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун". Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: "Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед". 26 «Он гоҳ хоҳед гуфт: "Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодй". 27 «Лекин Ӯ хоҳад гуфт: "Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон". 28 «Дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми анбиёро дар Малакути Худо бубинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед. 29 «Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷануб омада, дар Малакути Худо хоҳанд нишаст. 30 «Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд». Нияти Ҳиродус, ки Исоро бикушад 31 Дар ҳамон рӯз баъзе аз фарисиён омада, баӮгуфтанд: «Баро ва аз ин ҷо бирав, зеро ки Хиродус мехоҳад Туро ба қатл расонад». 32 Ба онҳо гуфт: «Биравед ва ба он рӯбоҳ бигӯед: "Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт; 33 «Лекин Маро лозим аст, ки имрӯз, фардо ва пасфардо роҳ равам, зеро мумкин нест, ки набӣ берун аз Ерусалим бимирад". Щикояти Исо дар бораи Ерусалим 34 «Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед! 35 «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегӯям, ки Маро дигар нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: "Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!"»
Исо дар рӯзи шанбе шифо медиҳад 1 ЯК рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд: 2 Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории истисқо буд. 3 Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: Юё дар рӯзи шанбе ншфо додан ҷоиз аст ё не?» 4 Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод. 5 Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?» 6 Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд. Масал дар бораи онҳое ки дуст медоранд дар базм пешгоҳнишин бошанд 7 Чун Ӯ пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт: 8 «Вақте ки касе туро ба тӯи арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мӯҳтарамтаре бошад, 9 «Ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: "Ҷои худро ба ӯ бидеҳ"; ва он гоҳ бо хиҷолат дар тюини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад. 10 «Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гуяд: "Эй дӯст! Болотар бинишин"; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд, 11 «Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад». Порсоии фарисиён не, балки раҳмдилӣ муҳим аст 12 Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Вакте ки хӯроки пешинӣ ё хӯроки бегоҳй ташкил мекунӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад. 13 «Балки, чун зиёфат медиҳй, мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро даъват намо, 14 «Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рӯзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд». 15 Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, ин сухаконро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Малакути Худо хӯрок хӯрад!» Масал дар бораи онҳое ки ба зиёфат даъват шудаанд 16 Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсезиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даънат намуд; 17 «Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: "Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст". 18 «Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: "Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ". 19 «Дигаре гуфт: "Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ". 20 «Сеюмин гуфт: "Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям". 21 «Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: "Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро ба ин ҷо биёр". 22 «Ва ғулом гуфт: "Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст". 23 «Ва оғо ба ғулом гуфт: „Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад; 24 "Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро нахоҳад чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам"». Исоро пайравӣ карда намешавад бе он ки кас ба таври чиддӣ тарки ҳама чиз кунад ва худро имтиҳон намояд 25 Бо Ӯ мардуми бисьёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт: 26 «Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад; 27 «Ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад; Масал дар бораи касе ки бурҷе месозад 28 «Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанй шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад, 29 «Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро тамасхур кунанд. 30 «Ва гӯянд: "Ин шахс ба сохтан шурӯь намуд ва ба тамом кардан қувваташ нарасид?" Масал дар бораи подшоҳе ки ба чанг медарояд 31 «Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ӯ меояд? 32 «Вагар на, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад. 33 «Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад. Дар бораи намаке ки қувваташро гум карда бошад 34 «Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? 35 «На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
Шикваи фарисиён ва китобдонон 1 ҲАМАИ боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд. 2 Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳохӯрокмехӯрад». Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда 3 Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт: 4 «Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад? 5 «Ва чун ёфт, бо шодй онро бар китфи худ мегузорад; 6 «Ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: "Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтаам". 7 «Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодй зиёдтар хоҳад буд, назар ба наваду нӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд. Масал дар бораи дирҳами гумшуда 8 «Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе дарнагиронад ва хонаро рӯфта, бодиққат ҷустуҷӯ накунад, то даме ки онро биёбад? 9 «Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: "Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам". 10 «Ба шумо мегӯям, ки дар миени фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад». Масал дар бораи писари ноқобил 11 Боз гуфт: «Шахсе ду гщсар дошт; 12 «Ва хурдии онҳо ба падар гуфт: "Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ". Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард. 13 «Баъд аз чанд рӯз писари ҳурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии ҳудро дар айшу нӯш исроф намуд. 14 «Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд; 15 «Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад; 16 «Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯрданд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод. 17 «Оқибат ӯ ба худ омада, гуфт: "Чй қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам! 18 «Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, 19 «Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; марочун яке аз муздуронат қабул кун". 20 «Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ ҳеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғуш капшду бӯсид. 21 «Ва гщсар ба вай гуфт: "Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам". 22 «Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: "Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ бипӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ ва мӯза ба пойҳояш бидиҳед; 23 «Ва гӯсолаи охуриро оварда, сар буред: бихурем ва димоғчоқӣ кунем, 24 «Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд". Ва ба димоғчоқй шурӯъ карданд. 25 «Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гӯшаш расид; 26 «Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад? 27 «Вай ба ӯ гуфт: "Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро сар бурид, чунки ӯро сиҳат саломат дид". 28 «Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада, ӯро ҷеғ зад. 29 «Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт: "Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғола ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ димоғчоқӣ кунам; 30 «Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро сар буридаӣ". 31 «Ба ӯ гуфт: "Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастй, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст; 32 «Аммо ба он мебоист шодй ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд"».
Масал дар бораи амалдори ҳакиму вале ноинсоф 1 БА шогирдони Худ низ гуфт: «Як марди сарватдор буд, ки амаддоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд; 2 «Вайро ҷеғ зада, гуфт: "Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисобот деҳ, зеро ки дигар наметавонӣ амалдор бошй". 3 «Он амалдор дар дили худ гуфт: "Чй кунам? Оғоям маро аз вазифаам маҳрум месозад: аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадой шарм мекунам; 4 "Медонам, чӣ кунам, то ки мардум, ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам, маро дар хонаҳои худ пазироӣ кунанд". 5 «Ва ҳар яке аз қарздорони оғои худро ба танҳоӣ ҷеғ зада, ба якумин гуфт: "Ту аз оғои ман чӣ қадар қарздор ҳастй?" 6 «Гуфт: "Сад ченак равған". Ба вай гуфт: "Забонхати худро бигир ва зуд нишаста, панҷоҳ бинавис". 7 «Баъд ба дигаре гуфт: "Ту чй қадар қарздор ҳастӣ?" Дар ҷавоб гуфт: "Сад ченак гандум". Ба вай гуфт: "Забонхати худро бигир ва ҳаштод бинавис". 8 «Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд. 9 «Ва Ман ба шумо мегӯям: бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо дар вақти тамом шудани он шуморо ба масканҳои ҷовидонй пазироӣ кунанд. 10 «Касе ки дар чизи андак мӯътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мӯътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст. 11 «Пас, модоме ки шумо дар сарвати ноинсофона мӯътамад набудед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо месупурда бошад? 12 «Ва модоме ки дар чизи бегона мӯътамад набудед, кист, ки чизи худатонро ба шумо медода бошад? 13 «Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед». Дар бораи порсоии сохтаи фарисиён ва ахамияти Таврот 14 Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро тамасхур карданд. 15 Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст. 16 «Таврот ва суҳафи анбиё то Яҳьёст; аз он вакт ин ҷониб Малакути Худо башорат дода мешавад, ва ҳар кас бо ҷидду ҷаҳд ба он дохил мегардад. 17 «Лекин фанои осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуктае аз Таврот маҳв шавад. Исо дар бораи талок 18 «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино карда бошад; ва ҳар кй зани талоқшударо гирад, зино карда бошад. Сарватдор ва Лаъзор 19 «Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард. 20 «Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ӯ мехобид, ва баданаш пур аз захм буд; 21 «Ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, птиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд. 22 «Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд; 23 «Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид 24 «Ва фарьёд зада, гуфт: "Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам". 25 «Лекин Иброҳим гуфт: "Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ; 26 «Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд". 27 «Ва ӯ гуфт: "Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман бифирист. 28 «Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу укубат наоянд". 29 «Иброҳим ба ӯ гуфт: "Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гӯш кунанд". 30 «Аммо ӯ гуфт: "Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард". 31 «Ба ӯ гуфт: "Модоме ки ба Мусо ва анбиё гӯш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард"».
Дар бораи ҷиддияти васвасаҳо, дар бораи муҳаббати афвку нанда ва қуввати имон 1 ВА Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд: 2 «Бар гардани вай санги осиёе овехта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад. 3 «Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро афв намо; 4 «Ва агар рӯзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт карат руҷӯънамуда, гӯяд: "Тавба кардам", - ӯро афв намо». 5 Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун». 6 Худовапд гуфт: <сАгар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед: "Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав", - он ба шумо итоат мекард. Масал дар бораи ғуломе ки аз саҳро бармегардад 7 «Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: "Зуд омада, казди суфра бинишин"? 8 «Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: "Барои ман хӯроки бегоҳй тайёр кун ва камари худро баста, ба ман ҳизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат биҳӯр ва бинӯш"? 9 «Оё ӯ ба он ғулом барои он ки фармонҳои ӯро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам. 10 «Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: "Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем"». Шифо ёфтани даҳ шахси махавӣ 11 Дар аснои роҳи Ерусалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт. 12 Ва ҳангоме ки Ӯ ба қасабае дохил мешуд, даҳ шаҳси махавй аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода, 13 Бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Ӯстод, ба мо марҳамат кун!» 14 Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок пгуданд. 15 Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд, 16 Ва пеши пойҳоиӮ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд. 17 Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд?Пас он нӯҳ нафар куҷоянд? 18 Оё, ғайр аз ин аҷнабй, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?» 19 Ва ба ваи гуфт: «Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод». Дар бораи омадани Малакути Худо 20 Чун фарисиён баӮ савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад, 21 «Ва намегӯянд: "Инак, он дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост"; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост». Исо дар бораи омадани дуюми Худ сухан меронад 22 Ва ба шогирдон гуфт: «Айёме меояд, ки дидани фақат як рӯзи Писари Одамро орзу ҳоҳед кард, ва нахоҳед дид; 23 «Ва ба шумо хоҳанд гуфт: "Инак, дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост", - наравед ва аз ақиби онҳо надавед; 24 «Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон дурахшида, то канори дигари осмон нур мепошад, Писари Одам дар рӯзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд. 25 «Лекин аввал Ӯро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад. 26 «Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд: 27 «Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд - то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштй даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард. 28 «Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд; 29 «Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард. 30 «Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд. 31 «Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад: 32 «Зани Лутро ба хотир оваред. 33 «Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ онро барбод дихад, онро зинда хоҳад кард. 34 «Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд; 35 «Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд; 36 «Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд». 37 Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон низ дар он ҷо ҷамъ мешаванд».
Масал дар бораи қозии ноинсоф 1 ВА ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва маъюс нашавад, 2 Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки ка тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум. 3 «Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: "Маро аз душманонам муҳофизат намо". 4 «Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: "Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум, 5 "Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад"». 6 Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд? 7 «Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд? 8 «Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?» Масал дар бораи фарисӣ ва боҷгир 9 Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт: 10 «Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд. 11 «Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: "Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам: 12 "Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам". 13 «Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: "Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун". 14 «Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи ҳуд рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад». Исо кӯдаконро дуо мекунад 15 Кӯдаконро низ назди Ӯ меоварданд,то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд. 16 Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад; 17 «Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад». Исо ва ҷавони сарватдор 18 Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Ӯстоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» 19 Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона. 20 «Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздй накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун». 21 Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакй нигоҳ доштаам». 22 Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳй ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун». 23 Лекин вай, чун инро шунид, андӯҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд. 24 Исо андӯҳи вайро дида, гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст! 25 «Зеро ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад». 26 Шунавандагон гуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?» 27 Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст». Дар бораи мукофоти шогирдон 28 Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». 29 Ба онҳо гуфт: «Ба ростй ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду 30 «Дар ин замон ҳеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонй наёбад». Исо бори сеюм дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад 31 Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: 32 «Зеро ки Ӯ ба дасти гайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд, 33 «Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ зҳьё шавад». 34 Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд. Шифо ёфтани кӯр дар наздикии Ериҳӯ 35 Вакте ки Ӯ ба Ериҳӯ наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид; 36 Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?» 37 Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирй меояд. 38 Дарҳол фарьёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». 39 Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба ҳомӯш шуданводор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». 40 Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид: 41 «Чӣ меҳоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам». 42 Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид». 43 Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.
Имон овардани Заккай. 1 ВА Ӯ ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он мегузашт. 2 Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватдор буд, 3 Мехост Исоро бубинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисьёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд. 4 Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бубинад, чунки Ӯро лозим буд аз пешн он бигзарад. 5 Вакте ки Исо ба он ҷо расид, назар афканда, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фурӯд ой, зеро ки имрӯз Маро лозим аст дар хонаат бимонам». 6 Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазирой намуд. 7 Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ӯ дар ҳонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст. 8 Аммо Заккай барҳоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофоиа гприфта бошам, чор баробар подош медиҳам». 9 Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба пн ҳона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст; 10 «Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад». Масал дар бораи даҳ минои амонатӣ 11 Вакте ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд: зеро ки Ӯ дар наздикин Ерусалпм буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Малакути Худо ба зуҳур ояд. 12 Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахсе аз ашроф ба кишвари дурдаст мерафт, то ки салтанате ба даст оварда, баргардад; 13 «Ва даҳ нафар ғуломоиашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: "Бо ин пул то вақти гашта омаданам доду муомила кунед". 14 «Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигӯяд: "Намеҳоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад". 15 «Ва ҳангоме ки вай салтанатро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст. 16 «Якумин омада, гуфт; "Эй оғо! Як минои ту даҳ мино фоида овард". 17 «Ба ӯ гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизк андак мӯътамад будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав". 18 «Дуюмин омада, гуфт: "Эй оғо! Як минои ту панҷ мино фоида овард". 19 «Ба ӯ низ гуфт:?Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав". 20 «Сеюмин омада, гуфт: "Эй оғо! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам; 21 "Зеро ки ман аз ту тарсидам, чунки шахси сахтгир ҳастӣ: он чи нагузоштай, мегирӣ, ва он чи накоштаӣ, медаравӣ". 22 «Ба ӯ гуфт: "Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи шарир! Ту медонистӣ, ки ман шахси сахтгир ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам; 23 «Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш бигирам?" 24 «Ва ба ҳозирон фармуд: "Он миноро аз ӯ гирифта, ба он ки даҳ мино дорад, бидиҳед". 25 «Ба ӯ гуфтанд: "Эй оғо! Ваӣ даҳ мино дорад". 26 "Ба шумо мегӯям, ки ҳар кй дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад; 27 "Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳй кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед"». Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо 28 Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Ерусалнм равоиа шуд. 29 Ва чун ба БайтФоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки бар кӯҳи Зайтун аст, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода, 30 Ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, биравед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред; 31 «Ва агар касе аз шумо пурсад: "Чаро воз мекунед?" - ба вай бигӯед: "Худованд ба он эҳтиёч дорад"». 32 Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд. 33 Вақте ки онҳо курраро воз мекардаид, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?» 34 Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтпёҷ дорад». 35 Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор кардаид. 36 Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд. 37 Вақте ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наэдик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шодикуион бо оволи баланд Худоро барои ҳамаи мӯъҷизаҳое ки дида буданд, ҳамду сано карда, 38 Мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!» 39 Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Шогирдони Худро манъ кун». 40 Дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард». Маҳзунии Исо дар бораи Ерусалим 41 Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохга, ба ҳоли он гирьен шуд 42 Ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ииҳои аст; 43 «Зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард, 44 «Ва туро, ва фарзаидонатро дар дохили ту, ба хок яксон ҳоҳанд кард, ва дар ту санге бар саиге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақтн тафаққуди ҳудро надонистй». Исо бори дуюм маъбадро пок мекунад 45 Ва ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд, 46 Ва ба опҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодат аст", аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед». 47 Ва ҳар рӯз дар маъбад таълим медод. Аммо саркоҳинон ва китобдонон ва пирони кавм касд доштанд, ки Ӯро нобуд кунанд, 48 Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба суханоии Ӯ гӯш медоданд.
Масъалаи кудрати Исо, 1 ДАР яке аз рӯзҳое ки Ӯ мардумро дар маъбад таълим ва башорат медод, саркоҳинон ва китобдонон бо пирон омада, 2 Ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки бо кадом кудрат Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин кудратро ба Ту додааст?» 3 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман бигӯед: 4 «Таъмиди Яҳьё аз осмон буд ё аз инсон?» 5 Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имок наовардед?" 6 «Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд", тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин дорапд» ки Яҳьё набӣ буд». 7 Ва дар ҷавоб гуфтанд: «Намедонем аз куҷо буд». 8 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам». Масал дар бораи токдорони бадкор 9 Ва ба мардум чунин масалеро гуфт: «Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дуру дарозе сафар кард; 10 «Ва чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то ки аз меваи токзор ба вай бидиҳанд; лекин токдоррн вайро зада, тиҳидаст равона карданд. 11 «Ва ӯ ҳизматгори дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, тиҳидаст фиристоданд. 12 «Ва ӯ боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ ярадор карда, бадар ронданд. 13 «Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: "Чӣ кунам?Писаримаҳбуби худро мефиристам; шояд, ӯро дида, шарм кунанд". 14 «Лекин токдорон чун ӯро диданд, бо ҳамдигар маслиҳат карда, гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то ки мерос аз они мо шавад". 15 «Ва ӯро аз токзор бароварда, купгтанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ хоҳад кард? 16 «Вай омада, он токдоронро ба марг маҳкум ҳоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд». Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд: «Ҳошо ва калло!» 17 Аммо Ӯ ба онҳо назар андохта, гуфт: «Маънои ин суханоне ки навишта шудааст, чист: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид"? 18 «Ҳар кй бар он санг афтад, порапора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро маҷақ кунад». Масъалаи хироҷ 19 Саркоҳинон ва китобдонон қасд доштанд, ки дар ҳамон дам Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд, зеро донистанд, ки ин масалро Ӯ дар ҳаққи онҳо гуфта буд. 20 Ва Ӯро дар зери назорат гирифта, айёронро фиристоданд, то ки онҳо худро одил нишон дода, Ӯро аз суханаш афтонанд ва ба қудрат ва ихтиёри ҳоким таслим кунаид. 21 Ва онҳо ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳаққи гапро мегӯӣ ва меомӯзӣ, ва рӯбинӣ намекунӣ, балки тариқи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; 22 «Оё ба қайсар ҷизья додани мо ҷоиз аст, ё не?» 23 Вале Ӯ макри онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро Маро меозмоед? 24 «Диноре ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рӯи он аз они кист?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они қайсар». 25 Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо». 26 Ва Ӯро пеши мардум аз суханаш афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат афтода, хомӯш монданд. Исо ба саддуқиён дар бораи эҳьё сухан меронад 27 Ва баъзе аз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд: 28 «Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе бимирад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад. 29 «Ва инак, ҳафт бародар буданд: якумин зан гирифт ва фарзанде ба дуньё наоварда, мурд; 30 «Ва он занро дуюмин гирифт, вале ӯ низ фарзанде ба дуньё наоварда, мурд; 31 «Баъд вайро сеюмин гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумин, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд; 32 «Баъд аз ҳама зан низ мурд. 33 «Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки хар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд». 34 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Фарзандони ин дуньё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд; 35 «Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дуньё ва ба эҳьёи мурдагон бишаванд» на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, 36 «Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд. 37 «Ин ки мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст. 38 «Ва Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро ки пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд». Исо дар бораи китобдонон 39 Баъзе аз китобдонон инро шунида, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Нағз суҳан рондӣ». 40 Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ӯ чизе бипурсанд. Ва Ӯ ба онҳо гуфт: 41 «Чӣ сон мегӯянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст? 42 «Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин, 43 "То душманони Туро зери пои Ту андозам". 44 «Инак, Довуд Ӯро Худованд мехонад; пас чӣсонӮ писари вай будааст?» 45 Ва дар сурате ки тамоми мардум гӯш мекарданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: 46 «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд; 47«Онҳо, ки ҳонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама саҳттар маҳкум ҳоҳанд шуд».
Фулуси бевазан 1 ВА Ӯ назар андохта, сарватдоронро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд; 2 Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду фулус дар он андохт, 3 Ва Ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбагал аз ҳама бештар андохт; 4 «Зеро ки ҳамаи онҳо аз зиедатии худ ҳадия барои Худо андохтанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми нафақаеро, ки дошт, андохт». Бар кӯҳи Зайтун 5 Вақте ки баъзе касон дар бораи маъбад сухан ронда, гуфтанд, ки он бо сангҳо ва инъомҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ӯ гуфт: 6 «Айёме меояд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге наҳоҳад монд; хамааш хароб хоҳад шуд». 7 Аз Ӯ пурсиданд: «Эй Ӯстод! Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати ба вуқӯъ омадани ин чӣ гуна аст?» 8 Гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки шуморо дар иштибоҳ наандозанд; зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам; ва он вақт наздик аст. Аз ақиби онҳо наравед. 9 «Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошӯбҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд аввал воқеъ шавад; лекин дарҳол интиҳо намеёбад». 10 Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард; 11 «Ва дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим, ва қаҳтию вабоҳо, ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломоти бузург аз осмон ба амал хоҳад омад. 12 «Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дасти тааддӣ дароз хоҳанд кард ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо ҳоҳанд супурд ва ба хотири исми Ман назди подшоҳону ҳокимон хоҳанд бурд; 13 «Ва ин ба шумо барои шаҳодат хоҳад буд. 14 «Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакй андеша накунед, чй ҷавоб бояд бидиҳед. 15 «Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонапд на зиддияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигӯянд. 16 «Ва шуморо падару модарон, ва бародарон, ва хешовандон, ва дӯстон таслим хоҳанд кард. Ва баъзеи шуморо ба қатл хоҳанд расонд; 17 «Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт. 18 «Лекин мӯе аз сари шумо талаф нахоҳад шуд. 19 «Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод. Дар бораи хароб шудани Ерусалим 20 «Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст; 21 «Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кй дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд, 22 «Чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст. 23 «Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём; зеро ки мусибати бузурге бар замин рӯй дода, ин қавм гирифтори ғазаб хоҳанд шуд: 24 «Ва ба дами щамшер хоҳанд афтод, ва дар миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ хоҳанд рафт; ва Ерусалим поймоли ғайрияҳудиён хоҳад шуд, то даме ки даврони ғайрияҳудиён ба анҷом расад. Дар бораи бо ҷалол омадани Худованд 25 «Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд; 26 «Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки кувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд. 27 «Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо кудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд. 28 «Вақте ки ба амал омадаии ин чизҳо оғоз шавад, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд». 29 Ва ба онҳо масале гуфт: «Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед: 30 «Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст; 31 «Ҳамчунин, вакте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст. 32 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд; 33 «Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. 34 «Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд; 35 «Зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони тамоми рӯи замин хоҳад омад; 36 «Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед». 37 Рӯзҳо Ӯ дар маъбад таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард. 38 Ва тамоми мардум бомдодон назди Ӯ ба маъбад барои шунидани суханонаш меомаданд.
Яхудо Исоро таслим мекунад 1 ИДИ фатир, ки фисҳ номида мешавад, наздик буд; 2 Саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон Ӯро ба қатл расонанд, чунки аз мардум метарсиданд. 3 Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарьютро дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад. 4 Пас ваӣ рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугӯ кард, ки чй сон Ӯро ба онҳо таслим кунад. 5 Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд. 6 Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то кн Ӯро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад. Омода кардани фисх 7 Ва рӯзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбонӣ кардан лозим буд, фаро расид. 8 Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Биравед ва фисҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед». 9 Ба Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо мехохӣ, ки тайёр кунем?» 10 Ба онҳо гуфт: «Инак, вақге ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақибаш равона шавед то ба хонае ки вай медарояд, 11 «Ва ба соҳиби хона бигӯед: Ӯстод ба ту мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?" 12 «Вай ба шумо болохонаи калони мафрушеро нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед». 13 Онҳо равона шуданд ва, чунон ки Ӯ гуфта буд, ё'фтанд, ва фисҳро омода карданд. Фисҳ 14 Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ӯ буданд. 15 Ба онҳо гуфт: «Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихӯрам; 16 Зеро ба шумо мегӯям, ки аз он дигар нахоҳам хӯрд, то вақте ки дар Малакути Худо ба амал ояд». 17 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Инро бигиред ва дар миёни худ тақсим кунед; 18 «Зеро ба шумо мегӯям, ки дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то вақте ки Малакути Худо биёяд». Муқаррар кардани Таоми шоми Худованд 19 Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред». 20 Ҳамчунин косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад. Исо дар бораи тпасл имкунанд а сухан меронад 21 «Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари суфра аст. 22 «Агарчи Писари Одам ончунон, ки пешакй мукяррар шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он кас, ки ба воситаи ваи Ӯ таслим карда шавад». 23 Ва онҳо аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад? Баҳсу мунозира дар бораи бартарии шогирдон 24 Дар миёни онҳо инчунин баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад. 25 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронй мекунанд, ва ҳокимони онҳо валинеъмат хонда мешаванд; 26 «Аммо шумо ин тавр не: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтарин бошад, ва сардор - монанди хизматгузор. 27 «Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди суфра менишинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди суфра менишинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам. Ҷои ҳаввориён дар малакути оянда 28 «Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед, 29 «Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст, 30 «То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард». Исо дар бораи инкори Петрус сухан меронад 31 Ва Худованд гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғарбел гузаронад; 32 «Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вакте, руҷуъ намуда, бародарони худро устувор гардон». 33 Вай ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба мамот биравам». 34 Лекин Ӯ гуФт: «Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, ту се бор инкоркунон ҳоҳй гуфт, ки Маро намешиносй». Исо ба шогирдон дар бораи имтиҳонҳое ки Ӯро дар пеш асту сухан меронад 35 Ва ба онҳо гуфт: «Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз». 36 Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Лекин акнун касе ки ҳамьён дорад, онро бигирад; ҳамчунин тӯрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯҳта, бихарад. 37 «Зеро ба шумо мегӯям, ки ин сухани Навиштаҳо низ бояд дар ҳаққи Ман ба амал ояд: "Аз ҷинояткорон шумурда шуд". Зеро ҳар чи дар бораи Ман аст, интиҳо меёбад». 38 Ва онҳо гуфтанд: «Худовандо! Инак, дар ин ҷо дуто шамшер ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Кифоя аст». Исо дар боғи Ҷатсамонй 39 Ва берун омада, аз рӯи одат, ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд. 40 Вақте ки ба он мавзеъ расид, ба онҳо гуфт: «Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед». 41 Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт: 42 «Эй Падар! Агар бихоҳй, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд». 43 Ва фариштае аз осмон бар Ӯ зоҳир гардида, Ӯро тақвият медод. 44 Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷахди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид. 45 Баъд аз дуо барҳоста, Ӯ назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд. 46 Ва ба онҳо гуфт: «Чаро ҳоб рафтаед? Барҳоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед». Ҳабс шудани Исо 47 Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисьёре паядо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то ки Ӯро бибӯсад. Зеро ки ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бнбӯсам, Ҳамон аст». 48 Ва Исо ба вай гуфт: «Эй Йҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунй?» 49 Касоне ки бо Ӯ буданд, чун диданд, ки кор ба чй меанҷомад, ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Оё ба шамшер бизанем?» 50 Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада» гӯши рости вайро бурида партофт. 51 Ӣсо дар ҷавоб гуфт: «Даст кашед, бас аст». Ва гӯши вайро ламс карда, шифо дод. 52 Ва Исо ба саркоҳинон ва сардорони маъбад ва гшроне ки бар зидди Ӯ ҷамъ омада буданд, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед! 53 «Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост». 54 Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз паи онҳо равона шуд. Дар доварии саркоҳинон. Инкори Петпрус 55 Вакте ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ даргиронда, даври он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст. 56 Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва синчакунон ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ин ҳам бо Ӯ буд». 57 Лекин вай инкор карда, ба зан гуфт: «Ман Ӯро намещиносам». 58 Пас аз муддате як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус ба он одам гуфт: «Ман аз онҳо нестам». 59 Тахминан як соат гузаштан баъд, боз як каси дигар боисрор гуфт: «Дар ҳақиқат ин ҳам бо Ӯ буд, зеро ки вай ҷалилист». 60 Аммо Петрус ба он кас гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки дарҳол хурӯс бонг зад. 61 Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус сухани Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». 62 Ва берун рафта, зор-зор гирист. Исо аз шарирон таҳқирҳоро қабул мекунад 63 Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро тамасхур мекарданд ва мезаданд; 64 Ва рӯи Ӯро пӯшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ӯ мепурсиданд: «Нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?» 65 Ва боз бисьёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ӯ ба забон меронданд. Исо ба хузури шурои пирон 66 Ҳамин ки чашми рӯз кушода шуд, пирони қавм, саркоҳинон ва китобдонон ҷамъ омада, Ӯро ба шӯрои худ дароварданд, 67 Ва гуфтанд: «Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо бигӯй». Ба онҳо гуфт: «Агар ба шумо гӯям, бовар намекунед; 68 «Ва агар ба шумо савол диҳам, ҷавоб намегардонед ва Маро озод намекунед; 69 «Минбаъд Писари Одам ба ямини қуввати Худо хоҳад нишаст». 70 Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Пксари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Шумо мегуед, ки Ман ҳастам». 71 Ва онҳо гуфтанд: «Дигар ба мо чӣ шаҳодате лозим аст? Зеро ки худамон аз забони Ӯ шунидем!»
Исо ба ҳузури Пилотус 1 ВА тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ӯро назди Пилотус бурданд. 2 Ва ба аибдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо ёфтаем, ки Ӯ қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад». 3 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯй». 4 Пилотус ба саркоҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам». 5 Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ӯ қавмро ба ошӯб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад. Исо дар тергави Ҳиродус 6 Вақге ки Пилотус инро шунид, савол дод: «Магар Ӯ ҷалилист?» 7 Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Ерусалим буд. 8 Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ӯро Дидан мехост, чунки овозаи Ӯро шунида буд ва умед дошт, ки аз Ӯ мӯъҷизе бубинад. 9 Ва ба Ӯ саволҳои бисьёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. 10 Саркоҳиион ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷахд Ӯро анбдор мекарданд. 11 Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ нӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод. 12 Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд. Исо боз ба ҳузури Пилотус. Бараббос озод шуд, Исо маҳкум гардид 13 Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда, 14 Ба онҳо гуфт: «Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм назди ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мепартоед, чизе наёфтам; 15 «Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ӯро назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст; 16 «Пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам». 17 Ва вай лозим буд, ба муносибати ид, касеро барои онҳо озод кунад. 18 Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун». 19 Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рӯй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд. 20 Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад. 21 Лекин онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!» 22 Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам». 23 Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ӯ маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад. 24 Ва Пилотус қарор дод, ки аз рӯи талаби онҳо амал кунад, 25 Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба иҳтиёри онҳо супурд. 26 Вақте ки Ӯро бурданд, Шимъӯн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Исо бардошта барад. Исо маслуб шуд 27 Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ӯ гирья ва навҳа мекарданд, аз акиби Ӯ равона шуданд. 28 Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй дуҳтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед; 29 «Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт: "Хушо нозоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!" 30 «Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: "Бар мо биафтед!" ва ба теппаҳо: "Моро бипӯшонед!" 31 «Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дараҳти ҳушк чиҳо хоҳанд кард?» 32 Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд. 33 Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро» ва он ҷинояткоронро - яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш - маслуб карданд. 34 Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд. 35 Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад». 36 Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд 37 Ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ». 38 Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румй ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд: «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён». Имон овардани роҳзан 39 Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». 40 Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? 41 Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». 42 Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вакте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» 43 Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд». 44 Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт: 45 Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд. Мамоти Исо 46 Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод. 47 Мирисадин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам Одил буд». 48 Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд. 49 Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравй намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд. Дафни Исо 50 Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва одил, 51 Ки бо қарор ва кори онҳо розй набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд, 52 Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард; 53 Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд. 54 Он рӯз рӯзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид. 55 Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ӯ гузошта шуд, диданд; 56 Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равгани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.
Эҳьёи Исои Масех 1 ДАР рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд; 2 Вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст, 3 Ва чун дохил шуданд, Часади Исои Худовандро наёфтанд. 4 Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд. 5 Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон чустуҷӯ мекунед? 6 «Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳье шуд; ба ёд оваред,ки чй гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда, 7 «Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад». 8 Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд. 9 Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд. 10 Инҳо Марьями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марьям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд. 11 Вале ин суханон ба назарашон чун сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд. 12 Аммо Петрус бархоста, сӯи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба ҳонаи ҳуд рафт. Зохир шудани Исои эҳьёшуда ба шогирдон дар аснои роҳи Аммоус 13 Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт, 14 Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд. 15 Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва мубоҳиса мекардапд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд; 16 Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ӯро нашиноҳтанд. 17 Ба онҳо гуфт: «Аз чй хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?» 18 Яке аз онҳо, ки Клеюпос еом допхг, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Цаҳод ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?» 19 Ба онҳо гуфт; «Аэ кадом воқеа?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирй рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм; 20 «Чй гуна Ӯро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ӯро маслуб карданд; 21 «Лекин мо умед доштем, ки Ӯ Ҳамон аст, ки бояд Исроилро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин ба вуқӯъ омадааст; 22 «Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андоҳтанд: онҳо бомдодон ба сари қабр рафтаанд, 23 «Ва Ҷасади Ӯро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст; 24 «Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд». 25 Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварй ба он чи анбиё пешгӯй кардаанд! 26 «Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?» 27 Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда» он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод. 28 Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд» наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад онсӯтар биравад; 29 Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бомо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасаде. Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд. 30 Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод. 31 Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд. 32 Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вакте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?» 33 Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда, 34 Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъӯн зоҳир гардидааст. 35 Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рӯй дод, ва чй гуна Ӯро дар вақти пора кардани нон шинохтанд. Зохир шудани Исо ба ёздах шогирдон 36 Вакте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод». 37 Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд; 38 Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад? 39 «Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед». 40 Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Ҳудро ба окҳо нишон дод. 41 Ва чун онҳо аз шодй ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?» 42 Пегди Ӯ як порча моҳии бирьён ва андаке асали мумдор монданд; 43 Ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. 44 Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд». 45 Он гоҳ зеҳни онҳоро равшдн кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд, Фармоиши охирин 46 Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ укубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад. 47 <Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миени ҳамаи ҳалқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад; 48 «Ва шумо шоҳидони ин ҳастед; 49 «Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вакте ки бо куввате аз олами боло фаро гирифта шавед». Сууди Исои Масеҳ 50 Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод. 51 Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо чудо шуда, ба осмон сууд кард. 52 Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд, 53 Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.
|