Jude
Яҳудо
Яҳудо 1
Даъватшудагон дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд
1 ЯҲӮДО, ки бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъкуб аст, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд:
2 Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод.
Доварии Худо бар муаллимони козиби фосид
3 Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед.
4 Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд.
5 Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, баъд беимононро ба ҳалокат расонд,
6 Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадй, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт;
7 Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд.
8 Ба ҳамин тарз ин гирифторони хобу хаёл ҷисмро палид месозанд, сардоронро рад мекунанд ва дар ҳаққи олимақомон бӯҳтон мегӯянд.
9 Вакте ки фариштаи муқарраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми маэамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: "Худованд туро ҷазо диҳад",
10 Валекин инҳо ба ҳар чизе ки намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва бо ҳар чизе ки ҳамчун ҳаивоноти безабон табиатан медонанд, худро фосид мекунанд.
11 Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд.
12 Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки бо шумо бе ҳаросе айшу ишрат карда, шиками худро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо щамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду карат мурдаанд ва решакан шудаанд;
13 Инҳо мавҷҳои пуртуғьёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон торикии зулмот то абад нигоҳ дошта шудааст.
14 Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: "Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад,
15 "То ки бар ҳама доварй кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густо Хонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осй ба забон рондаанд".
16 Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд.
17 Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба хотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд:
18 Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард.
19 Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд.
20 Валекин щумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта,
21 Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонй меоварад, мунтазир бошед.
22 Ба баъзе касон, ки шубҳа мекунанд, мушфиқ бошед;
23 Баъзеи дигарро бо ваҳм наҷот дода, аз оташ берун оваред; бо ваҳм раҳм карда, ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед.
Ҷалол додани Худо
24 Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад,
25 Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, кудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин.
|