EphesiansЭфсӯсиёнЭфсӯсиён 1
Ҷалол додани Худо барои сирри нацшаи абадии начоти Ӯ, ки дар Масеҳ ба амал омадааст 1 ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсӯс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд: 2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст, 4 Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббаг муқаддас ва беайб бошем. 5 Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад, 6 Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандй бахшидааст. 7 Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем, 8 Ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ, 9 Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд. 10 Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард. 11 Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакй муайян шуда будем, 12 То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем. 13 Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед, 14 Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ. Сарвати беҳадди мероси пур аз цалоли Худо барои имондорон 15 Бинобар ин ман низ, вақте ки аз имони шумо ба Исои Масеҳ ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам, 16 Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва пгуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам, 17 То ки Худои Исои Масеҳи Худовағди мо, Падари ҷалол рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд, 18 Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст, 19 Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими Ӯст, 20 Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд, 21 Болотар аз ҳар сарварй, ва ҳукуматдорй, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад, 22 Ва ҳама чизро|зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод, 23 Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.
Худо бар ҳасби муҳаббати бузурги Худ имондоронро ба воситаи Хуни Масеҳ начот медиҳад 1 ШӮМО ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. 2 Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед. 3 Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем. 4 Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад, 5 Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, - бо файз шумо наҷот ёфтаед, - 6 Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд, 7 То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд. 8 Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, 9 Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. 10 Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем. 11 Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳасби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнан онҳо ҷисмонист ва бо дасти инсон ба амал оварда шудааст; 12 Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил чудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед. 13 Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед. Ба воситаи Исо яҳудиён ва халқҳо ичозат доранд, ки ба Падаре ки дар осмон аст, наздик шаванд. 14 Зеро ки Ӯ осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард, 15 Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд, 16 Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад. 17 Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад ва осоиштагиро башорат дод, 18 Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем. 19 Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо, 20 Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст. 21 Бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад, 22 Ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед.
Ваколати сирри Худо ба воситаи Калисои Масеҳ маълум мешавад 1 БАРОИ ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам. 2 Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед, 3 Яъне чӣ тавр ба василаи ваҳй сирре ба ман маълум шудааст, ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам, 4 Ва шумо онро хонда, метавонед бифаҳмед, ки ман аз сирри Масеҳ чӣ қадар воқиф ҳастам. 5 Он дар наслҳои пешина ба банӣодам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ӯ ва ба анбие ба василаи Рӯҳ ошкор щудааст, 6 Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд. 7 Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам. 8 Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам 9 Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард, 10 То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад, 11 Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онроӮдар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст, 12 Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯиҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем. 13 Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост. Дуои ҳавворӣ дар бораи калисо ба хотири файзи фаровони Худо 14 Бинобар ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ, 15 Ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад, 16 Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавед, 17 Ба тавре ки Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад, 18 То ки шумо, дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тӯл ва умку баландии 19 Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед. 20 Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, - 21 Ӯро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.
Онҳое ки ба Исо имон доранд> осоиштагӣ ва ягонагиро нигоҳ дошта, Калисоро ташкил мекунанд 1 ПАС, ман, ки дар Худованд бандй ҳастам, аз шумо хоҳипгмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед, 2 Бо тамоми мулоимат ва фурӯтанй ва пурсабрй якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед, 3 Ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагй нигоҳ доред: 4 Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед; 5 Як Худованд ҳаст, як кмон, як таъмид, 6 Як Худо ва Падари ҳама, ки Ӯ бар болои ҳама, ва ба воситаи ҳама, ва дар ҳама мебошад. Хизматгузории гуногун дар калисо барои такмили он дар таҳти Сари он, ки Масеҳ аст, мебошад 7 Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст. 8 Бинобар ин гуфта шудааст: "Ба афроз сууд намуда, асиронро ба асирӣ бурд ва баодамон бахшоишҳо дод". 9 Ва "сууд намуд" гуфтан чкст, чуз ин ки Ӯ пештар ба асфали замин нузул ҳам карда буд? 10 Он ки нузул карда буд, Хдмон аст, ки болотар аз тамоми афлок сууд ҳам намуд, то ки ҳама чизро пур кунад. 11 Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд, 12 Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ, 13 То даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба апдозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем, 14 То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад, 15 Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем. 16 Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунавда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар ағдоми ҷудогона ба ағдозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад. Дар бораи ҳаёти нави онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд 17 Пас, чунин мегуям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунағд. 18 Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаағд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст. 19 Онҳо то ба дараҷаи лоуболй расида, ба фиску фучур моил шудаағд, ба тавре ки ҳар кори зиштро бо рағбати тамом ба ҷо меоварағд. 20 Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтед, 21 Дар сурате ки дар бораи Ӯ шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, - ба ҳасби ростие ки дар Исост, - 22 Пас рафтори пештараи одами кӯхнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед, 23 Ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад, 24 Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед. 25 Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ери худ рост гӯед, чунки мо андоми якдигарем. 26 Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки газаби шумо то ғуруби офтоб боқй бимонад; 27 Ва ба иблис ҷой надиҳед. 28 Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷмавде бибахшад. 29 Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад. 30 Ва Рӯҳулкудси Худоро, ки бо Он ба интизори рӯзи озодӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед. 31 Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарьёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад; 32 Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст. 1 ПАС, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, 2 Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд. 3 Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст; 4 Ҳамчунин алфози қабеҳа ва жожхоӣ ва масхарабозӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ лозим аст; 5 Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеч як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад. 6 Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суҳанони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин газаби Худо бар писарони исьён меояд. 7 Пас, шарики онҳо нашавед. 8 Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед, 9 Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст; 10 Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист. 11 Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед. 12 Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, сухан рондан ҳам нанговар аст. 13 Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рӯшной зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст; 14 Бинобар ин гуфта шудааст: "Эй ту, ки ҳоб рафтаӣ, барҳез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пощид". 15 Пас, бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон, 16 Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст. 17 Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист. 18 Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда, 19 Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед, 20 Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед, 21 Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед. Қоидаҳои ҳаёти оилавии масеҳиён 22 Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад, 23 Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст; 24 Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд. 25 Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд, 26 То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд, 27 Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад. 28 Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад. 29 Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад нал^ебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро; 30 Чунки мо андоми Бадани Ӯ ҳастем, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ. 31 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд. 32 Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам. 33 Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад. 1 ЭЙ фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. 2 "Падар ва модари худро иззат намо", ин аст.ҳукми аввалин бо чунин ваъда: 3 "То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинй". 4 Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед. 5 Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ, мисли он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед, 6 На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон^ балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба чо меоваранд. 7 Ғаӣратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон, 8 Зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд мукофот хоҳад гирифт. 9 Ва шумо, эй оғоён, бо онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад. Зиреҳи куллии рӯҳонӣ 10 Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед. 11 Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед. 12 Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст. 13 Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед. 14 Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед, 15 Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед, 16 Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед; 17 Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост; 18 Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илгимос кунед, 19 Барои ман низ дуо гӯед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям, 20 Ки барои 0н ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то ки далерона ва ба таври бояду шояд сухан гӯям. Сухани хотимавӣ 21 Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард, 22 Ки ӯро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то ки аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ӯ дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад. 23 Бародаронро осоиштаги ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Пддар ва Исои Масеҳи Худованд бод. 24 Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.
|