TitusТитусТитус 1
Ба калисоҳо бояд мардони беайб сардорӣ кунанд 1 ПАВЛӮС, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист, 2 Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст, 3 Ва дар замони муайян каломи Худро дар паёме зоҳир намудааст, ки он бо амри Наҷотдиҳағдаи мо Худо ба ман супурда шудааст, - 4 Ба Титус, фарзанди ҳақикиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод. 5 Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонй ва дар ҳамаи шаҳрҳо пиронро таъин намоӣ, чунон ки ба ту амр фармудаам: 6 Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фиску фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаанд. 7 Зеро ки ускуф бояд, чун муваккали Худо, беайб бощад, на худгшсанд, на ҳашмгин, на бадмаст, на муштзӯр, на тамаъкор, 8 Балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боксмат, боинсоф, парҳезгор, худдор. 9 Ӯ бояд ба каломи ҳақиқи, ки мувофиқи таълимот аст, қоим бошад, то ки баъзеро бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро танбеҳ кунад. 10 Зеро ки бисьёр касони беитоат, ёвагӯй ва фиребгар ҳастанд, алалхусус аз байни махтунон. 11 Даҳонашон бояд баста шавад: олҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рӯи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест. 12 Шоире аз байни хуцашон чун набие чунин гуфтааст: "Критиён ҳамеша дурӯғгӯ ҳастанд, ва даррандагони бадкин, ва шикампарастони танбал". 13 Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд, 14 Ва ба қиссаҳои яҳудиён ва ба аҳкоми одамоне ки аз ростй рӯй мегардонанд, гӯш наандозанд. 15 Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои палидон ва беимонон ҳеҷ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон палид гардидааст. 16 Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд.
Вазифаҳои унвонҳои ҷудогона дар калисо; пирамардон, ҷа вонон ва ғуломон 1 ВАЛЕКИН ту суханонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигӯ. 2 Ба пирамардон бигу, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар илюн, муҳаббат ва тоқат солим бошанд; 3 Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд, 4 То ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, 5 Боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад. 6 Ҷавононро низ насиҳат намо, ки боисмат бошанд. 7 Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омӯзгории худ покӣ, ботамкинй ва бенуқсониро зоҳир намо, 8 Ва каломи солим ва беайбро кор фармо, то ки душман шарманда шуда, ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад. 9 Ғуломонро насиҳат намо, ки ба оғоёни худ мутеъ бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд, 10 Ва дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то ки таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро диҳанд. Куввати тарбиявии файзи Худо 11 Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст, 12 Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорй зиндагй кунем, 13 Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем, Г4 Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд. 15 Инро бигӯ ва насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун, то ки ҳеҷ кас ба ту беэътиной накунад.
Онҳое ки ба Исо бар ҳасби файз имон дорандз ворисони ҳаёти човидонй шудаанд 1 БА онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайер бошанд, 2 Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд. 3 Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем. 4 Аммо вакте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, - 5 Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулкудс аст. 6 Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт, 7 То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем. 8 Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кӯшиш намоянд, ки дар аъмоли нек муваффақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст. Муносибат ба муаллимони козиб 9 Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рӯй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд. 10 Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки якду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо, 11 Чун медонй, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд. Супоришҳо ва саломҳо 12 Вакте ки Артемос ё Тӯхикӯсро назди ту равона кунам, саъю кӯшиш намо, ки ба Никӯпӯлис назди ман биеи, зеро ки қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам. 13 Зеноси қонундон ва Апӯллӯсро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошақц. 14 Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд. 15 Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.
|