PhilemonФилемӯнФилемӯн 1
Таъсири неки Филемӯн ба имондорон 1 ПАВЛӮС, бандии Исои Масеҳ, ва Тимотиюси бародар, ба Филемӯни маҳбуб ва ҳамкори мо, 2 Ва ба Апияи маҳбуба, ва ба Архипуси ҳамсафи мо, ва ба калисое ки дар хонаи туст: 3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 4 Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам, 5 Чун дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Исои Худованд дорӣ, мешунавам, - 6 Дуои ман ин аст, ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки беҳтар бидонӣ ҳар некие ки дар мо барои Исои Масеҳ мебошад, чист. 7 Зеро ки мо аз муҳаббати ту шодӣ ва тасаллои бузурге пайдо кардем, чунки ба туфайли ту, эй бародар, дилҳои муқаддасон осуда шудааст. Шафоат барои Онисимуси ғулом, ки аз пеши Филемун гурехпга буд, вале алҳол ислоҳ шудааст 8 Бинобар ин, агарчи дар Масеҳ ҷуръати зиёде дорам, ки вазифаатро ба ту амр фармоям, 9 Аммо бештар аз рӯи муҳаббат хоҳиш менамоям, - гарчанде ки ман Павлуси пиронсол ва алҳол бандии Исои Масеҳ низ ҳастам, - 10 Аз ту дар хусуси фарзанди худ Онисимус хоҳиш менамоям, ки ӯро дар вактеки дар занҷирҳобудам, бадуньё овардаам, 11 Ки як вақте ӯ барои ту муфид набуд, вале акнун ҳам барои ту муфид аст, ҳам барои ман; ӯро назди ту бармегардонам, 12 Ва ту ӯро ҳамчун дили ман пазироӣ намо. 13 Мехостам ӯро назди худ нигоҳ дорам, то ки ба ҷои ту ба ман дар занҷирҳои башорат хизмат кунад; 14 Лекин бе розигии ту нахостам коре бикунам, то ки амали неки ту на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври иҳтиёрӣ бошад. 15 Зеро, шояд, ӯ барои он мувақкатан аз ту ҷудо шуда бошад, ки ту ӯро ба сурати абадӣ қабул кунӣ, 16 Ва акнун на ҳамчун ғуломе, балки аз ғулом болотар, яъне ҳамчун бародари маҳбубе. Ӯ алалхусус барои ман, зиёдтар аз он ҳам барои ту, ҳам ба унвони ҷисм ва ҳам дар Худованд бояд маҳбуб бошад. 17 Пас, агар ту маро шарики худ бидонӣ, ӯро мисли ман пазирой намо. 18 Аммо агар ӯ осебе ба ту расонда бошад, ва ё чизе ба гарданаш дайн бошад, онро ба ман ҳисоб кун. 19 Ман, ки Павлус ҳастам, бо дасти худ менависам: худам талофӣ хоҳам дод; ҳоло онро ба ту намегӯям, ки ту барои вуҷудат низ мадьюни ман ҳастӣ. 20 Бале, эй бародар, бигзор, ки аз ту дар Худованд хурсанд шавам: дили маро дар Худованд осуда намо. 21 Ба умеди фармонбардории ту ман ба ту менависам, чун медонам, ки аз гуфтаи ман зиёдтар ҳам хоҳӣ кард. Салом ба имондорон 22 Дар баробари ин барои ман хонае низ муҳайё бикун, зеро умедворам, ки ба ҳасби дуоҳоятон ба шумо ато хоҳам шуд. 23 Эпафрос, ки бо ман ба хотири Исои Масеҳ бандӣ мебошад, ва Марқӯс, ва Ористархус, ва Димос, ва Луқос, ки ҳамкорони мананд, ба ту салом мерасонанд. 24 Файзи Худованди мо Исри Масеҳ бо рӯҳи шумо бод. Омин.
|