3 John

3 Юҳанно

3 Юҳанно 1

Дар ростй рафтор кардан шодмонии бузург аст

1 ПИР - ба Ғоюси маҳбуб, ки ӯро ман дар ростй дӯст медорам. 2 Эй маҳбуб! Дуо мегӯям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комьёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комьёб аст. 3 Зеро ки ман бағоят хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ. 4 Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд.

Пазироии меҳмоннавозонаи бародарони мусофир

5 Эй маҳбуб! Дар ҳар коре ки барои бародарон, ҳатто барои гарибон мекунй, рафтори ту амин аст. 6 Онҳо ба ҳузури калисо дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту рафтори хубе мекунӣ, агар онҳоро гусел намоӣ, чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст, 7 Зеро ки онҳо ба ҳотири исми Ӯ сафар кардаанд, дар ҳолате ки аз халқҳо кӯмак нагирифтаанд. 8 Пас мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростй шарик шавем.

Касе ки некӣ мекунад, аз Худост, ва касе ки бадй мекунад, Худоро надидааст

9 Ман ба калисо навиштам, аммо Диютрифас, ки калониро дар миёни онҳо дӯст медорад, моро қабул намекунад. 10 Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ҳотирнишон хоҳам кард: ӯ дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад. 11 Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун,балки ба некӣ. Касе ки некй мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст. 12 Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ ба некии ӯ шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст. 13 Чизи бисьёре доштам, ки бинависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам бинависам, 14 Балки умедворам, ки ба қарибй туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем. 15 Осоиштагӣ бар ту бод. Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ба дӯстон ном ба ном салом бирасон. Омин.





AMAZING GRACE BIBLE INSTITUTE