2 Peter2 Петрус2 Петрус 1
Омода шудан ба анҷоми наҷот 1 ШИМЪӮНИ Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул кардаанд: 2 Файз ва осоинхгагӣ дар ышнохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод. 3 Азбаски куввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва ларҳезгорй зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи щинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст, 4 Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода щудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед, - 5 Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ - хирадмандиро, 6 Ба хирадмандӣ - порсоиро, ба порсоӣ - тоқатро, ба тоқат - парҳезгориро, 7 Ба парҳезгорӣ - бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ - муҳаббатро. 8 Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, щумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд, 9 Вале дар ҳар кй ин сифот ёфт нашавад, вай кӯр аст, яъне чашмонашро пӯшида, фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ӯ татҳир шудаанд. 10 Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамии тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд, 11 Зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад шуд. 12 Барои ҳамин ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед. 13 Аммо ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ таҳрик диҳам, 14 Чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман эълон намудааст. 15 Ва саъю кӯшищ хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред. Дшаргун шудани Исо пешгуиест дар бораи бори дуюм бо ҷалол омадани Ӯ 16 Зеро, ҳангоме ки мо кувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашми худ дидаем. 17 Зеро ки Ӯ аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сӯи Ӯ чунин овоз расид: "Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст". 18 Ва ин овозро, ки аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ӯ дар кӯҳи муқаддас будем. 19 Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд; 20 Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад; 21 Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулкудс, онро ба забон рондаанд.
Дар бораи муаллимони козиби фосик ва доварӣ бар онҳо 1 АММО дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимоки козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард. 2 Ва бисьёр касон фиску фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир ҳоҳад шуд. 3 Ва аз рӯи тамаъкорй бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст. 4 Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки оиҳоро дар ҷаҳаннам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд; 5 Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолаг буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тӯфон овард; 6 Ва шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод, 7 Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, - 8 Зеро ки он одил дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корхои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррӯза меозурд, - 9 Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад, 10 Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои кабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохй ва худсарй мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд, 11 Дар сурате ки ҳатто фариштагон, ки дар қудрат ва қувват аз онҳо бартарӣ доранд, ба ҳузури Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми мазамматкунандае ба забон намеронанд. 12 Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф гаваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд, 13 Ва подонш шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нӯши ҳаррӯзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои ҳуд лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд. 14 Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд. Анбиёи козиб, мисли Билъом, роҳи ростро тарк мекунанд 15 Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд ва аз паи Билъом ибни Баӯр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дӯст медошт. 16 Аммо дар шарорати худ мазаммат карда шуд: модахари безабон бо овози одамӣ сухан ронда, девонагии набиро боздошт. 17 Онҳо чашмаҳои беоб ва абрҳое ҳастанд, ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онхо зулмоти торикии абадӣ муҳайё шудааст. Муаллимони козиб бо киёфаи олимонаи дабдабанок озодиро ваъда медиҳанд ва касони дар имон ноустуворро ба дом медароваранд 18 Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд; 19 Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ӯст. 20 Зеро, агар ба василаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дуньё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, анҷоми онҳо бадтар аз аввалашон мешавад. 21 Барои онҳо надонистани роҳи адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба оиҳо супурда шулааст, рӯй гардонанд. 22 Ба онҳо ҳамон чизе рӯй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: "Саг ба қаи худ баргашт", ва: "Хук баъд аз шустушӯй рафт, ки дар лой ғел занад". 1 ИН номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй маҳбубон, менависам; дар онҳо бо роҳи ёдоварӣ фикри поки шуморо таҳрик медиҳам, 2 То шумо ба ҳотир оваред суханонеро, ки пештар анбиёи муқаддас гуфтаанд, ва ҳукми Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки ҳаввориён ба шумо супурдаанд. Масхарабозони беҳаё Омадани Дуюми Масеҳро мункир мешаванд; раддияи беимонии онҳо 3 Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда, 4 Хоҳанд гуфт: "Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст". 5 Онҳое ки чунин гумон мекунанд, намедонанд, ки дар ибтидо бо каломи Худо осмон ва замин аз об ва ба воситаи об таркиб ёфта буданд: 6 Бинобар ин дуньёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид. 7 Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд. Чаро Худованд дар омадани Худ таьхир менамояд 8 Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй маҳбубон, набояд пӯшида бошад, ки дар назари Худованд як рӯз мисли ҳазор сол аст, ва ҳазор сол мисли як рӯз. 9 Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд щавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд. 10 Валекин рӯзи Худованд, чунон ки дузд дар шаб, ҳохад омад, ва он гоҳ осмон бо ғулғулае хоҳад даргузашт, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт, ва замин ва тамоми аъмоле ки дар он аст, хоҳад сӯхт. Ба таври бояду шояд омода шудан ба омадани Худованд 11 Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед, 12 Дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред ва мешитобонед, ки дар он рӯз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт? 13 Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд. 14 Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорй доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед; 15 Ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари маҳбуби мо Павлус низ, аз рӯи ҳикмате ки ба ӯ ато шудааст, ба шумо навиштааст, 16 Ва ҳамчунин дар ҳамаи номаҳои худ ӯ дар ин бора сухан меронад, ки дар онҳо кадом як чизи душворфаҳме ҳаст, ки онро нодонон ва ноустуворон мисли Навиштаҳои дигар ғалат таъбир менамоянд, ва анҷоми ин кор барои онҳо ҳалокат меоварад. 17 Пас пгумо, ЭЙ маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед, 18 Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.
|