2 Thessalonians

2 Таслӯникиён

2 Таслӯникиён 1

Саломи ҳавворй ба имондорон

1 ПАВЛӮС ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст: 2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

Щукргузорй барои устувории имони таслӯникиён. Дар бораи омадани дуюми Масеҳ

3 Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорй намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад, 4 Ба тавре ки худи мо дар калисоҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед. 5 Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то ки шумо сазовори Малакути Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ укубат мекашед. 6 Зеро ба назари Худо одилона аст, ки уқубатдиҳандагони шуморо уқубат диҳад, 7 Ва шуморо, ки укубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои куввати Худ 8 Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад. 9 Онҳо гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ гардида, аз ҳузури Худованд ва ҷалоли қудрати Ӯ маҳрум хоҳанд шуд 10 Дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро ба тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед. 11 Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегӯем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар салоҳдиди некӣ ва кори имонро бо қуввати Худ ба амал оварад, 12 То ки исми Худованди мо Исои Масеҳ дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ӯ ҷалол ёбед, ба ҳасби файзи Худои мо ва Исои Масеҳи Худованд.

2 Таслӯникиён 2

Зоҳир шудани муртади олиҷоҳ пеш аз омадани дуюми Масеҳ

1 ВАЛЕКИН аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ӯ 2 Нагузоред, ки фикри щумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рӯҳ, на аз калом ва на аз номае ки гӯё мо фиристода бошем дар бораи он ки рӯзи Масеҳ фаро расидааст. 3 Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фирефта кунад, зеро аввал бояд исьён ба вуқӯъ биёяд ва шахси пур аз шарорат, яъне писари ҳалокат, зоҳир шавад. 4 Вай ба ҳар чизе ки Худо ё маъбуд ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад. 5 Оё дар хотир надоред, ки вакте ки назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам? 6 Ва алҳол шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вакти муайян зоқир гардад. 7 Зеро ки сирри шарорат акнун амал мекунад, вале ҳоло маҳфиёна аст, то даме ки он чи монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад, - 8 Он гоҳ шарир зоҳир мегардад, ҳамон ки Исои Худованд варо бо нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ несту нобуд мекунад. 9 Омадани ин шарир бо ҳар гуна кувват ва аломот ва мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст, 10 Ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон барои он ки онҳо Муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд. 11 Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурӯғ имон оваранд, 12 То ҳамаи онҳое ки ба ростӣ имон наоварданд, балки ноҳаққиро дӯст доштанд, маҳкум гарданд.

Худованд тасаллои имондорон аст

13 Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст. 14 Ва барои он шуморо ба воситаи башорати мо даъват намудааст, то ки ба ҷалоли Худованди мо Исои Масеҳ ноил шавед. 15 Пас, эй бародарон, истодагй кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз калом, ё аз номаи мо таълим гирифтаед, нигоҳ доред. 16 Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадй ва умеди некро бо файз ато намудааст, 17 Бигзор дилҳои шуморо тасаллй диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.

2 Таслӯникиён 3

Имондорон бояд барои башорати Каломи Худо дуо гуянд

1 БА ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст, 2 Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад. 3 Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад. 4 Ва мо ба шумо дар Худованд зътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард. 5 Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худр ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.

Калисо бояд ба танбалй еа касони бекорагард муқобил баромада, тартибро таълим диҳад

6 Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад ва на мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед, 7 Зеро худи шумо медонед, ки чй гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекорагард набудем: 8 Нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем, - 9 На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки ҳудамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед. 10 Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад. 11 Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекорагардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд |мекунанд; 12 Ба чунин шахсон дар Худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихӯранд. 13 Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед. 14 Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гӯш надиҳад, - ӯро дар хотири худ гирифта монед ва бо ӯ муошират накунед, то ки хиҷил шавад; 15 Аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.

Салом бо дасти худ ба ҳамаи имондорон

16 Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагй ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод! 17 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам: 18 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.





AMAZING GRACE BIBLE INSTITUTE