1 Timothy1 Тимотиюс1 Тимотиюс 1
ФайЗу марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худо 1 ПАВЛӮС, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост, 2 Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод. Насиҳат дар бораи мукобилат кардан ба воизони козиби шариат 3 Вакте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфсӯс бимонӣ, то баъзе касонро насиҳат диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд 4 Ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоен машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба мубоҳисот оварда мерасонад. 5 Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд, 6 Ки баъзе касон аз он баргашта, ба ёвагӯӣ моил шудаанд, 7 Дар ҳолате ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо намефаҳманд на он чиро, ки мегӯянд, на он чиро, ки даъво мекунанд. 8 Лекин мо медонем, ки шариатнек аст, кас агар онро ба таври шаръӣ ба кор барад, 9 Ва инро бидонад, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон, 10 Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст, 11 Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст. Сазовори марҳамат шудани ҳавворӣ мисоли тасаллибахш аст барои вщдони ғамгин 12 Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд, - 13 Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонй амал мекардам; 14 Аммо файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд. 15 Ин сухан дуруст аст ва сазовори қабули куллӣ, ки Исои Масеҳ ба дуньё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам. 16 Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ӯ имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам. 17 Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин. 18 Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ, 19 Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд; 20 Аз он ҷумла Хумниюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то таълим диҳам, ки куфр нагӯянд.
Дастурҳо барои ҷамъомадҳои ибодати Худо
Дуо барои ҳамаи одамон 1 ПАС, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон, 2 Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем; 3 Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст, 4 Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд. 5 Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст, 6 Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст, 7 Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, - дар Масеҳ рост мегуям, дурӯғ не. Рафтори мардон ва занон 8 Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд; 9 Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофй, на бо тилло, на бо марворид ва на бо Либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд, 10 Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст. 11 Бигзор зан дар хомӯшй бо камоли итоат таълим гирад; 12 Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад. 13 Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ӯ Ҳавво; 14 Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, ба гуноҳ дучор щудааст; 15 Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва қудсият бо исмат қоим бошад.
Дар бораи мансабҳои калисо
Дар бораи ускуфҳо 1 ЧӮНИН суҳан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу мекунад. 2 Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушьёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад; 3 На моили шаробнӯшй, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷӯ, на зарпараст; 4 Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад; 5 Зеро, кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамҳорӣ карда метавонад? 6 Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери хукми иблис афтад. 7 Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ӯ бояд шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад. Дар бораи дьяконҳо 8 Лозим аст, ки дьяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнӯшӣ, на тамаъкор, 9 Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд. 10 Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, ҳизмат кунанд. 11 Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки хушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад. 12 Дьяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд; 13 Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд. Калисо буньёди ростист 14 Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям. 15 Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чй гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист. 16 Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида игуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.
Огоҳонидан аз парҳези риёкорона 1 АММО Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шастин гӯщ хоҳанд андохт, 2 Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст, 3 Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд. 4 Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд, 5 Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад. Дар дораи диндорй ва баракоти он 6 Агар инро ба бародарон талқин намой, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суҳанони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ. 7 Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ; 8 Зеро ки машқи ҷисмонй кам фоида дорад, вале диндорй барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад. 9 Дуруст аст ин суХан ва сазовори қабули куллӣ. 10 Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст. 11 Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ. 12 Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош. 13 То вакти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим мащғул шав. 14 Ба бахшоиши Рӯҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои гшрон дода шудааст. 15 Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк какун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад. 16 Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.
Дар бораи унвонҳо дар Калисо.
Дар бораи пирамардон ва чавоиои 1 ПИРАМАРДРО мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон; 2 Пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покй. 3 Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо. 4 Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонй кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост. 5 Бевазани ҳақиқй ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст, 6 Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр магузаронад, зинда ба зинда мурдааст. 7 Ана ҳаминро ба онҳо талқин намо, то ки беайб бошанд. 8 Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст. 9 Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад 10 Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирй намуда ва ҳар амали некро пайравй карда бошад. 11 Лекин бевазанони ҷавонро қабул накун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, мехоҳанд никоҳ кунанд; 12 Бинобар ин маҳкум хоҳанд шуд, чунки имони пештараро рад кардаанд; 13 Илова бар ин, азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд, - ва на танҳо бекоранд, балки низ лаққӣ ва кунҷков буда, суханоне мегӯянд, ки шоиста нест. 14 Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад: 15 Зеро ки баъзе аз онҳо аз паи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд. 16 Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар Калисо гаронӣ накунад, то ки Калисо ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад. Дар бораи пирон 17 Пироне ки нағз сардорй мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, алалхусус онҳое ки дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд. 18 Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст: "Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд"; ва боз: "Меҳнаткаш музди худро сазовор аст". 19 Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун. 20 Хатокоронро дар ҳузури ҳама танбеҳ намо, то ки дигарон низ битарсанд. 21 Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намой ва ҳеҷ коре бо рӯйбинй накунӣ. 22 Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор. 23 Минбаъд оби танҳо нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар. 24 Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сӯи маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад. 25 Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пшгҳон монда наметавонад.
Дар бораи ғуломон 1 ҒӮЛОМОНЕ ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад. 2 Вале онҳое ки оғоёни имондор доранд, набояд ба онҳо беэътиноӣ кунанд, чунки онҳо бародаронанд; балки бояд бо ҷидду ҷаҳди боз ҳам зиёдтар ба онҳо хизмат кунанд, зеро онҳое ки аз инҳо баҳрае мебинавд, имондор ва маҳбубанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо. Оқибатхои чудошаеӣ аз таьлимоти солим. Насиҳат барои мӯътадилӣ 3 Агар касе таълимоти дитарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худовағди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравй накунад, - 4 Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳксот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои шарирона 5 Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорй манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо. 6 Аммо диндорй бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад. 7 Зеро ки мо ба дуньё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем. 8 Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд. 9 Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватдор шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисьёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд. 10 Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд. Павлус Тимотиюсро ба талош дар роҳи имон даъват менамояд 11 Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурӯтанй бирав; 12 Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ. 13 Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Исои Масеҳ, ки дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст, ба ту амр мефармоям, 14 Ки ҳукмро то вакти зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ беайб ва бенуқсон риоя намоӣ, 15 Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод, 16 Ки танҳо Ӯ Ҳайй лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст,ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин. 17 Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад; 18 Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд 19 Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки хаёти ҷовидониро аз они худ созанд. Огоҳонии хотимавӣ. Салом 20 Эй Тимотиюс! Он чиро,ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон, 21 Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.
|