1 Thessalonians1 Таслӯникиён1 Таслӯникиён 1
Ҳавворй барои ҳаёти намунавии имони таслӯникиен шукргузорӣ менамояд 1 ПАВЛӮС ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст: файз ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 2 Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем, 3 Ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем, 4 Чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй маҳбубони Худо, баргузида шудаед; 5 Зеро ки башорати мо казди шумо на танҳо дар сухан, балки низ дар кувват ва дар Рӯхулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чй гуна будем. 6 Ва шумо таклидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломро дар ранҷу заҳмати азим бо шодии Рӯҳулқудс қабул кардед, 7 Ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед. 8 Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест чизе бигӯем. 9 Зеро вакте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед 10 Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосй медиҳад.
Хаввориёни Масеҳ ҷалолро барои худашон не, балки барои Худо толибанд 1 ХӮДИ шумо, эй бародарон, медонед, ки омадани мо назди шумо бе натиҷа набуд; 2 Мо пеш аз он дар Филиппй, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем. 3 Зеро ки исрори мо аз рӯи иштибоҳ ё нопокй ё макр нест, 4 Балки, чй тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писағд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад. 5 Зеро ки мо ҳаргиз, чунон ки медонед, бо тамаллуқ гап назадаем ва ба чизе тамаъ накардаем - Худо шоҳид аст! - 6 Ва ҷалолро аз одамизод толиб нашудаем, на аз шумо ва на аз дигарон. 7 Мо, ҳамчун ҳаввориёни Масеҳ, метавонистем бо ихтиеру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад. 8 Мо чунон ба шумо дил бастаем, ки хостем ба шумо на танҳо башорати Худоро бидиҳем, балки ҷонҳои худро низ дар роҳи шумо фидо созем, азбаски шумо ба мо азиз будед. 9 Зеро ки шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар ҳотир доред: шабу рӯз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо башорати Худоро ба шумо мавъиза менамудем. 10 Шумо шоҳид ҳастед ва Худо низ, ки чй гуна пеши шумо, имондорон, мо муқаддасона ва одилона ва бенуқсон рафтор кардем; 11 Ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, мисли падар фарзандони худро, 12 Насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки муносиби Худо, ки шуморо ба Малакут ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед. 13 Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо пгунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад. 14 Зеро ки шумо, эй бародарон, ба калисоҳои Худо, ки дар Яҳудо дарИсоиМасеҳ мебошанд, тақлид намудед,чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон укубатро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд, 15 Ки Исои Худованд ва анбиёро куштанд, ва моро гирифтори таъқибот карданд, ва дар назари Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд, 16 Ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо бигӯем, ки наҷот ёбанд, ва ба ин васила ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд. Пазмонии Павлус ба таслуникиён 17 Лекин мо, эй бародарон, баъд аз он ки ба муддати кӯтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо иштиёқи зиёдтар саъю кӯшиш намудем, ки рӯи шуморо бубинем, 18 Ва ба ин сабаб мо, - яъне ман, Павлус, - якду маротиба хостем назди шумо биёем, вале шаитон ба мо монеъ шуд. 19 Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар хузури Худованди мо Исои Масеҳ дар вақти омадани Ӯ - оё шумо нестед? 20 Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед.
Фиристодани Тимотиюс 1 БИНОБАР ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем, 2 Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад, 3 То ки ҳеҷ кас дар ии азобу уқубатҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо. 4 Зеро ки мо ҳамон вакт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқӯъ омад, ва шумо медонед. 5 Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад. Щодмонии ҳавворӣ дар бобати хабарҳои хуш ва дуои ӯ барои таслӯникиён 6 Аммо акнун, ки Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва муждаи имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд, ва ин ки шумо ҳамеша моро ба некй ёд мекунед ва муштоқи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ муштоқи дидори шумо ҳасгем, - 7 Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андӯҳ ва азобу укубати худ, аз имони шумо тасаллӣ ёфтем, 8 Чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд қоим мебошед. 9 Зеро чй гуна мо метавонем ба Худо барои шумо шукргузорӣ кунем, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем, 10 Ки шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем? 11 Худи Худо ва Падари мо ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сӯи шумо рост оварад. 12 Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем, 13 Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ӯ дар кудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.
Даъват ба қудсият 1 ВА боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред; 2 Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем. 3 Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунсд; 4 Ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покй ва шараф нигоҳ дорад, 5 На дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд; 6 Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худоваид барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем. 7 Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ, балки ба қудсият даъват кардааст. 8 Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст. 9 Аммо дар хусуси бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед; 10 Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред 11 Ва саъю кӯшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред, чунон ки ба шумо дастур додаем, 12 То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошед. Тасалло дар хусуси қисмати имондороне ки то омадани дуюми Худованд мемиранд 13 Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. 14 Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз шгз Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард. 15 Зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқй мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард, 16 Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаакд, аввал эҳьё хоҳанд шуд; 17 Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд. 18 Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллй диҳед.
Имондорон бояд дар интизори рӯзи Худованд бедор бошанд 1 АММО дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад, 2 Зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб. 3 Чун бигӯянд: "Осоиштагй ва амният", - он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд. 4 Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд; 5 Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот. 6 Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем. 7 Зеро ки хобидагон шабона меҳобанд, ва мастон шабона маст мешаванд; 8 Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем, 9 Чунки Худо моро на барои ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ, 10 Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем. 11 Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед. Насиҳат. Саломҳо 12 Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд, 13 Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед. 14 Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед. 15 Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадй бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед. 16 Ҳамеша шод бошед. 17 Пайваста дуо гӯед. 18 Барои ҳама чиз пгукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ. 19 Рӯҳро ҳомӯш накунед. 20 Нубувватҳоро хор нашуморед. 21 Ҳдма чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред. 22 Аз ҳар гуна бадй худдорӣ кунед. 23 Худи Худои осоиштагй бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вакти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад. 24 Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад. 25 Эй бародарон, барои мо дуо гӯед. 26 Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед. 27 Щуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас биҳонед. 28 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.
|