1 Peter1 Петрус1 Петрус 1
Ӯқубати масеҳиён имонро мустаҳкам мекунад ва суи наҷот мебарад 1 ПЕТРӮС, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд, 2 Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо такдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интихоб шудаанд: фаЙз ва осоиштагй бар шумо фаровон бод. Дар бораи умеди пур аз ҷалоли имондорон 3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда, 4 Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда,ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст, 5 Ки бо куввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд. 6 Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед. 7 Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вакти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд. 8 Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодй мекунед 9 Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед. 10 Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгӯӣ кардаанд. 11 Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чй гуна замонро Рӯҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст,вақтеки Он аз укубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод. 12 Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд. Такдиси имондорон ба воситаи хуни курбонш Масеҳ 13 Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед. 14 Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пещтарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед, 15 Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, 16 Зеро ки навишта шудааст: "Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам". 17 Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинй ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварй мекунад, пас замони ғурбати худро бо ҳудотарсй бигзаронед, 18 Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед, 19 Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок, 20 Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир щудааст, 21 Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед. 22 Чун ҷонҳои худро бо итоати ростй ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред, 23 Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонй, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худр, ки зинда аст ва то абад боқист. 24 Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамй - мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; 25 Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.
Дар бораи нашъунамо ёфтан дар ҳолати масеҳӣ 1 ПАС, хар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда, 2 Чун кудакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ебед, 3 Агар ҳақиқатан чапшдаед, ки Худованд некӯст. Қавми Худо бар ҳасби аҳди ҷадид 4 Ва чун наздик мешавед ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад карданд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад, 5 Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ хонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед. 6 Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст: "Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил наҳоҳад шуд". 7 Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст, 8 Ва саиги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд. 9 Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, - 10 Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед. Муҳоҷирати имондорон ҳамчун ғарибон дар он дуньё.
Муҳоҷират дар миёни халқҳо 11 Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибонвамуҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед 12 Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатокро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд. Ӯҳдадориҳо нисбат ба ҳукуматдорон 13 Пас, ба ҳотири Худованд ба ҳар сарвари одамй итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олй, 14 Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро тақдир кунанд, - 15 Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некӯкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем, - 16 Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодй барои рӯпӯш кардани бадй истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо. 17 Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед. Сухане 6а хизматгорон: намунаи ибрати Масеҳ дар андуҳи ноҳақ 18 Эй ҳизматгорон, бо камоли тарс ба оғоёни худ итоат намоед, на танҳо ба оғоёни нек ва фурӯтан, балки ба оғоёни сахттир низ. 19 Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ укубат кашад. 20 Зеро чй фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кангида тоқат кунед, ин мақбули Худост. 21 Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед: 22 Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд; 23 Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд; 24 Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед. 25 Зеро ки шумо мисли гӯсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сӯи Чӯпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштаед.
Сухане ба занону шавҳарон 1 ХАМЧӮНИН шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, 2 Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд. 3 Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирй: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан, 4 Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост, 5 ЧуНон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд, 6 Ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ӯро оғо меномид; шумо фарзандони вай ҳастед, модоме ки некӣ мекунед ва аз ҳеҷ тарсе музтариб намешавед. 7 Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад. Дар бораи муносибати бародарии аъзоёни калисо ва дар бораи укубагщо барои адолат 8 Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед; 9 Дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед. 10 Зеро, касе ки ҳаётро дӯст медорад ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез, 11 Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, талабгори осоиштагй шавад ва дар паи он бошад, 12 Чунки чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯщҳои Ӯ - сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст. 13 Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар шумо дар некӯкорӣ ғаюр бошед? 14 Лекин агар барои адолат уқубат кашед, хушо шумо; аз воҳимаи онҳо натарсед ва музтариб нашавед. 15 Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанй ва эҳтиром ҷавоб диҳед: 16 Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ мазаммат менамоянд, бо он чи шуморо бадгӯӣ мекунанд, шарманда шаванд. 17 Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашидан беҳтар аст аз он ки кас барои аъмоли бад уқубат кашад, Масеҳ бо уцубатҳои худ, ки бар салиб кашидааст, имондо ронро суи Худо меоварад. 18 Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид, 19 Ва дар рӯҳ Ӯ рафта, ба арвоҳе ки дар зиндон буданд, мавъиза намуд. 20 Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ соҳта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд. 21 Ва тимсолион таъмид аст, кинашустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад, 22 КиӮба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва кудратҳо мутеи Ӯ шудаанд.
Таъсири пурбаракати укубатҳо ба ҳаёти имондорон 1 ПАС, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм укубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм укубат кашад, дигар гуноҳ намекунад, 2 То ки бокии умри ҷисмониро на аз руи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофики иродаи Худо ба сар барад. 3 Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед. 4 Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд; 5 Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисоб хоҳанд дод. 6 Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тарики одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рӯҳ ба тариқи Худо зиндагй кунанд. Дар бораи ҳаёт дар калисои имондорон 7 Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед. 8 Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиедро рӯпӯш мекунад; 9 Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед; 10 Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед. 11 Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи куввате ки Худо ба вай медиҳад, ҳизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин. Ӯкубатҳо барои ҷалоли оянда пок мекунанд 12 Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад, 13 Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед. 14 Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорй медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед. 15 Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, е дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад; 16 Аммо агар касе ҳамчун масеҳй уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад. 17 Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд? 18 Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд? 19 Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.
Худи Худо имондоронро мустаҳкам мекунад ва устувор мегардонад 1 АЗ пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд: 2 Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрй, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил, 3 Ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед, - 4 Ва ҳангоме ки Сарвари чӯпонон зоҳир шавад, шумо тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, хоҳед ёфт. 5 Хдмчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад. 6 Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад; 7 Хдмаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад. 8 Хушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад; 9 Ба вай бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд. 10 Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард. 11 Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин. 12 Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба пгумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед. Саломхо 13 Калисое ки дар Бобил аст ва мисли шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқӯс. 14 Ба якдигар бо бӯсаи муҳаббат салом гӯед. Бар ҳамаи шумо, ки,дар Исои Масеҳ ҳастед, осоиштагӣ бод. Омин.
|